ДАРЁФТИ МАНБАЪҲОИ НАВ

Паймони миллии Тоҷикистон, ки ҳамчун собиқ ТТЭ ҲНИ маълум аст, аз оғози ташакуллёбӣ дар фаъолияти худ сабаби асосии сар задани ҷанги хунини бародаркушии солҳои 90-ум асри 20 ва пай дар пай бавуҷуд оварандагони низоъҳои сершумор дар сарзамини тоҷик башумор мераванд. Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки мақсади онҳо ин ба вуҷуд овардани давлати теократӣ, барҳам додани давлати дунявӣ-демократӣ буд. Бо таърихи нанговари худ Паймони миллӣ, бо дастони ба хуни бегуноҳон олуда, онҳо оиди «беҳбудии» халқи тоҷик бо дипломатҳои Аврупо гуфтушунид карданашон, касро ба ҳайрат мегузорад.

Истиқлолияти халқи тоҷик бо машаққатҳои зиёд ба даст оварда шуд. Ҷонисориҳои зиёде талаф карда шуд, баҳри комёб шудан ба мустақилияти давлат, сулҳу ваҳдати миллӣ, пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёди демократӣ. Давлати мо нисбат ба солҳои 90-ум ва то он давра, ба бисёр комёбиҳо ноил гаштааст. Ҳоло зиндагии халқи тоҷик торафт ба беҳбудӣ, бо хатти болоравӣ майл карда истодааст. Ҳар як давлатҳои соҳибистиқлол камбудиҳои худро дорост, ягон давлат бе камбудӣ нест. Бо назардошти ҳамаи он, давлати мо яке аз давлатҳои босубот ба ҳисоб меравад, зеро халқи тоҷик дар зери осмони софу беғубор, дар тинҷиву амонӣ, бе ягон тарсу ваҳм нисбати ояндаи хеш, умр басар бурда истодааст, ки ин худ давлат аст, зеро дар заминаи сулҳу ваҳдат пешрафт ва дастовардҳо дар ҳама самтҳои иҷтимоӣ амалӣ хоҳанд шуд.

Дар вохӯрии Паймони миллӣ бо намояндагони Ғарб масъалаи интихоботи навбатии соли 2020-ро ба миён гузошта, дар бораи шакли гузаронидани интихобот ва иштироки сиёсии онҳо бо дигар созмонҳои сиёсӣ низ баён намуданд. Чунин тарзи масъалагузорӣ ва ҳалли он, бо назардошти ҳимояи манфиати ҳизби ифротгароии хеш, ки хатар ба давлати дунявӣ аст, куллан хато ва инконнопазир аст. ПМТ ҳамчун ҳизби ифротгароии экстремиству террористӣ аз ҳуқуқҳои сиёсӣ маҳрум карда шуда буданд ва иштироки онҳо дар интихобот ҷоиз нест, ҳамзамон ҳамчун ҷинояткорони сиёсӣ бояд дастгир карда шуда, ба ҷавобгарӣ аз рӯи қонун бояд кашида шаванд.

Аъзоёни Паймони миллӣ Тоҷикистон дар вохурӣ бо намояндагони Ғарб танҳо як мақсадро пеша мекарданд, ки ин ҳимояи манфиати хеш, амалӣ кардани ғояҳои ифротгароии худ, пароканда намудани миллат ва истиқлолияти тоҷик, барбод додани давлати дунявӣ. Аз ин лиҳоз, фаъолияти онҳо дар хориҷа ғайриқонунӣ ва бар зидди босуботӣ ва амнияти давлати тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳама амалиётҳои онҳо дар ҳудуди мамлакат маҳкум карда шудааст.

Ҷӯраева Д.Р. – н.и.ф., дотсенти

 кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh