МУБОРИЗАИ МУШТАРАК БО ИФРОТГАРОӢ

Дар шароити шиддат ёфтани таҳдиду хатарҳои радикализм ва терроризм дар миқёси ҷаҳони имрӯза  зарурият ва аҳамияти таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати сулҳҷӯёна бештар афзуда истодааст.

Вазъи ҷаҳони муосир, махсусан, баъзе кишварҳои мусулмонӣ сол ба сол ноором гардида, низоъҳои байнимазҳабӣ торафт тезутунд шуда истодаанд, ки мавҷи онҳо метавонад сарҳади давлатҳои орому осударо убур карда, вазъи дохилии онҳоро низ бесубот гардонад.

Ҳамзамон бо ин, хусусан, солҳои охир раванди сиёсӣ сохтани ислом вусъати хатарнок гирифта, ҳар рӯз боиси қатлу куштори ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва бе хонаву ҷой мондани миллионҳо нафари дигар шуда истодааст.

Аксари гурӯҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби ислом содир мекунанд, ҳол он ки дини ислом аслан ва моҳиятан зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс, одамонро ба инсондӯстӣ ва корҳои нек ҳидоят менамояд.

Суръати  густариши таҳдиди ифродгароӣ  ба ҳадде расидааст, ки имрӯз инкор кардани қонун, ношукрӣ, носипосӣ ва хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон - ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ аён гардида истодаанд. Ҳарчанд аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар ин гуна кирдорҳо маҳкум гарданд, ҳам андешидани чораҳо доир ба пешгирии онҳо ногузир ва зарур аст. Дар чунин вазъият масъулияти  азими  таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии мардуми кишвари худро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Аз ин рӯ, авҷ гирифтани  таъсири  равандҳои муосир ба тариқи иттилоотӣ ба шуури фардию ҷамъиятӣ (хусусан байни ҷавонон) масъалаи таҳқиқ, арзёбӣ ва таблиғи худшиносиву худогоҳиро ба миён овардааст. Ин ҳадаф татбиқшаванда ва ногузир мебошад. Онҳо ба амалӣ гаштани дурнамои сиёсати иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ба бунёди муносибатҳои солими бозорӣ, ташаккули иқтисодиёти устувори миллӣ ва ниҳоят барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ мусоидат хоҳанд кард.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳадафи асосии равияҳои ифротиро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва нагузорем, ки дар ҷомеа андешаҳои ба мафкураи мо бегона нуфуз пайдо кунанд.

Р. Раҳматуллоева – сармуаллимаи кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh