САРСУПУРДАГОНИ ХОҶА

Пас аз мутолиаи баъзе мақолаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир карда мешаванд, рости гап, шахс дар ҳайрат мемонад. Имрӯзҳо баъзе рӯзноманигорон, аз қабили Мирзои Салимпур аз чорчӯбаи фаъолияти рӯзноманигорӣ берун рафта, бо ҳар гуна хабарҳои бардурӯғу фитнаангез мехоҳанд обрӯву нуфузи Кабириро боло бардоранд.

Лекин, симои Муҳиддин Кабириро мардуми тоҷик кайҳо шинохтааст. Дар як давраи барои халқи тоҷик ҳассос ба арсаи сиёсат гурӯҳҳое ворид гардиданд, ки мақсади асссиашон ноором намудани вазъи ҷомеа ва ба ин восита расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ ба ҳисоб мерафт. Роҳбарони чунин гурӯҳҳо бо раҳнамоӣ ва дастгирии хоҷаҳои хориҷиашон мардуми оддиро бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ мешӯронданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ барои дастгирии ҷавонон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра баҳри дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсию иҷтимоӣ муайян карда шудаанд.

Дар рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд илму фарҳанг ва маориф дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳанд, дар ин замина мавқеи муҳимро ҷавонон ишғол мекунанд. Забон, адабиёт, таърих, сарчашмаҳои хаттӣ, ёдгориҳои таърих, барномаҳои радио, телевизион, маводи компютерӣ, шабакаи интернет, васоити ахбори умум дар тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон нақши асосӣ доранд.

Ҷавонон бояд барои ободии Ватан, рушду нумӯи иқтисодӣ, суботу оромии кишвар ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон сидқан хизмат намоянд.

Мо амалҳои нопок ва хиёнаткоронаи Мирзои Салимпур ва Муҳиддин Кабириро маҳкум карда, гуфтанием, ки дар замони муосир танҳо бо фаро гирифтани илмҳои дунявӣ ва касбу ҳунар метавон шароити зиндагии шоистаро барои худ ва фарзандон фароҳам овард.

Саидҷонов С.Ш. – сармуаллими кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерӣ ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh