Ватандӯстӣ ба кирдор аст, на гуфтор!

Тоҷикистони азизи мо Ватани аҷдодии азизи ҳар як тоҷику тоҷикистони аст. Онро азиз доштану дар ҳаққи он суханҳои самимона гуфтан хеле гуворо аст.

Дар ин асос ҷавонони имрӯзаро бо ватану ватандорӣ шинос намудан, ҳақиқати ҳолро нишон додан ин вазифаи муҳими волидон, ҳамагон омӯзгорон, ва аҳли ҷомеа мебошад.

Изҳороти расмии Мирзои Салимпурро аз назар гузаронида, ба андеша афтодам, ки ӯ тоҷик асту ба манфиати кӣ ва киҳо хизмат мекунад. Чаро бо ҳар гуна андешаҳои тӯҳматангези худ майнаи ҳамагон, бахусус ҷавононро гиҷ мекунад.

Мардуми мулки куҳанбунёди мо таҳаммулпазиру дурандешанд ва кӯшишу талош доранд, ки ҷомеаи имрӯзаи навини мо, ки ба ваҳдату ягонагӣ асос ёфтааст, пойдор бошад ва солҳои сол, асрҳо барои наслҳои оянда нигоҳ дошта шавад.

Чаро Мирзои Салимпур дар интернет шабакаиалоҳида кушодаасту Ватани ободу тинҷи моро сияҳ карда нишон доданӣ мешавад. Чаро ӯ ва дигар ҳаммаслаконаш дар Тоҷикистон нестанду дар кишварҳои Аврупо мезиянд, амал мекунанд. Оё онҳо Ватан надоранд? Кӣ онҳоро дастгирӣ мекунад? Агар ватандӯсти ҳақиқи ва виҷдони пок дошта бошад, пас байни тоҷикон, ки мисли ӯ мусалмон мебошанд, ҷудоӣ наандозад!

Аз ин изҳороти худ Мирзои Салимпур чӣ натиҷа интизор аст? Ӯ мехоҳад ҷомеаи имрӯзаи моро бо дасисабозиҳои худ вайрон созад? Зиндагии тинҷу ороми халқи моро мураккаб сохта, дар ҷомеа бесарусомониҳоро ба вуҷуд орад? Агар ӯ аз “ватандӯстон”-и асил марди ҳақиқию ҷасур бошад, ба сарзамини худ баргардаду дар ободии Ватани азиз якҷоя саҳм гузорад. Мо як забон, як миллат, давлат ва Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст!

Раҳимҷон БОҚИЕВ,
омӯзгори литсейи физикӣ-математикии №1
ба номи академик М. Осимӣ, шаҳри Хуҷанд

 

Add comment


Security code
Refresh