«Пуштибони ТТЭ-ҲНИ- (КМИИ Корпуси муҳофизони инқилоби исломӣ) ташкилоти террористӣ эълон карда шуд». Ва ё чанд андеша доир ба мақолаи Олег Алексеев

Дар мақолаи Олег Алексеев аз АИ «Параллело» бо далелҳои мушаххас бори дигар парда аз рӯи ҳомиёну сарпарастон ва хоҷагони манфури ТТЭ ҲНИ бардошта шуд. Исбот мешавад, ки   ин ташкилотҳои хатарзо натанҳо ба давлатҳои минтақа, ҳатто ба тамоми ҷаҳон ҳамчун эҷодкунандаи хатар ва ноамнӣ муаррифӣ гардида истодаанд.

Дар изҳороте, ки 8-уми апрели соли равон Президенти ИМА Доналд Трамп таъкид менамояд, корпуси муҳофизони инқилоби исломӣ (КМИИ), ки ба гурӯҳҳои террористии  роҳбарияти Эрон хизмат мекунанд, дар ҳамаи маъракаҳои террористӣ бо қувваи «Кудс» фаъолона иштирок мекунанд.

Сухан дар бораи он меравад, ки маҳз ин ташкилотҳои террористӣ дар ҳама.. ҷабҳаҳо барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ маблағҳои зиёдро масраф мекардаанд.

Ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла КМИИ, ки  аз ҷониби роҳбаронашон дастгирӣ меёбанд, барои иҷрои ҳадафҳояшон нақшабандиҳо ва маблағгузорӣ мекунанд.

Изҳори таассуф дар он аст, ки ТТЭ ҲНИ яке аз пайравонест, ки маҳз бо дастгирии ин ташкилотҳои террористӣ тайи даҳсолаҳост амалиёти ифротгароёнаи худро амалӣ месозад.

Қайд карда мешавад, ки моҳи сентябри соли 2015 барои ноором сохтани вазъияти иқтисодию сиёсӣ ва ташкили табаддули давлатӣ созмонҳои эронӣ ба ҲНИ 1 миллиону 200 ҳазор доллар маблағгузорӣ кардааст.

Имрӯз аҳли башар хуб дарк менамояд, ки терроризм  чун як падидаи занҷирбанди хавфнок барои суботи ҷомеа дар ҳамаи кишварҳо реша медавонад. Ифротгариҳову хиёнатҳои ТТЭ - ҲНИ ҳамарӯза ошкор гашта, асли вуҷуди онро давлатҳои мутараққӣ чун ИМА мешиносад.

Мутаассифона, як гурӯҳи боқимондаи ин ташкилоти террористӣ аз андешарониҳои бемантиқу ифротгароёнаи худ, алалхусус, тавассути студияи «Садои мардум» нисбат ба халқу миллати Тоҷикистон даст намекашанд.

Рушди бомароми ин ватани азиз, шукуфтанҳову рустанҳо ва пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоии ин сарзамини биҳиштосоро нодида мегиранд. Гӯё, ки кӯранд. Зеро онҳо  намаки ватанзадаанд.

Хушбахтона, ҳамарӯза саҳифаҳои нави  фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва хоҷагонаш  кушода шуда, асли онҳоро ҷаҳон шинохта истодааст. 

Туйғун ШАРИФОВ,
                                    ноҳияи Зафаробод

Add comment


Security code
Refresh