Муборизаи оштинопазир бо ифротгароӣ муҳим аст!

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ экстремизм ин ҷонибдорӣ аз ақида, мавқеъ ва тадбирҳои ифротӣ дар фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад. Барои муборизаи муваффақона алайҳи экстремизми динӣ ва терроризм пешгирии саривақтии онҳо, моҳияти ҷиноятии ин зуҳуротро дуруст бояд дарк кард.

Экстремизми динӣ яке аз падидаи манфии иҷтимоиест, ки ба шууру рӯҳияи ҷомеа, ахлоқ, идеология, муносибатҳои байни қавму табақаҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва равобити байни давлатҳо таъсири бад мерасонад.

Муборизаи беамон бо экстремизми динӣ ва терроризм, оштинопазирӣ бо ҳама гуна шакли зоҳиршавии он, хусусан дар шароити кунунӣ, ки ин навъи фаъолият тобиши сиёсӣ гирифтааст, ҳаётан муҳим аст.

Гурӯҳҳои экстремистӣ, пеш аз ҳама ҷавононро гирифтори доми ақоиди ифротии худ мекунанд. Аз ин нуқтаи назар, мо - омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, бахусус мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ барои боз ҳам самараноктар ба роҳ мондани муқовимат алайҳи экстремизми динӣ аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро дар рӯҳияи хайрхоҳию таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осмони беғубори кишвари маҳбубамон тарбия намоем.

Имрӯз бояд, мо – омӯзгорон ва аҳли ҷомеа ба толибилм фаҳмонем, ки сулҳу оромӣ, фазои беғубори Тоҷикистони азиз бароямон хеле муҳим аст.

Манзура АЗИМОВА,
омӯзгори Гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh