Амали номатлубро пешгирӣ мебояд!

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Дар марҳалаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти гӯё «динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва, ҳатто, аҳли хонаводаи хеш гардонида, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва терро-ристӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд, равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидану арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз кардани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки кишвари худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост.

Мардуми тоҷик аз азал баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ҷоннисорӣ намуданд ва дар вуҷуди онҳо ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарстӣ ва ифтихори миллӣ ҳамеша дар ҷӯш аст. Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки ягон қувваи беруна барои рахна задан ба девори мустаҳкаму мустақили тоҷикон қудрате надорад.

Бӯстон Умаров,
корманди идораи нотариалии
давлатии вилоят, майори адлия

Add comment


Security code
Refresh