ИҒВОИ НАВБАТИИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Нисбат ба як нафар корбари Фейсбук ва Ютуб, ки дар шабака бо номи Абдуллоҳ Ғафуров нашр шудааст, онро иброз кардани ҳастам, ки дар асл афсарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон коркуноне ҳастанд, ки ҷасуру қавиирода, тозатинату қаҳрамонатвор, зеро  онҳо дар байни ҷамъият гашта, боре ҳам доир ба намуди фаъолияташон  ба касе маълумот намедиҳанд ва пайваста барои тинҷию оромӣ ва осудаҳолию амнияти мардуми кишвар ҷонбозиҳо менамоянд.

Аз ин рӯ, худро корманди амният эълон намудани  Абдуллоҳ Ғафуров дурӯғи сохта буда, ноустувории мавқеи номбурда дар ҷамъият хатари калон дорад, ва ба корҳои зишт ва вайронкорӣ овардани ин амал аз эҳтимол дур нест. Ба гумонам бо ин роҳ ба аъзогии ТТЭ ҲНИ аз фаъолият бозмонда низ ҳамроҳ шудани шахси мазкур бевосита андешаеро мемонад, ки бо ақл фаҳмидани ин амал мумкин нест. Имрӯз дар ҷомеа аз тарафи баъзе Ғафуров барин шахсон, халалдор намудани вазъи ҳаёти ҷомеа ва ба низову нохушиҳо овардани он ба назар мерасад. Лекин бо ин амалҳо дили шахсеро ба даст овардану каси дигарро душманӣ кардан кори шахси комил нест. Аз ин лиҳоз, маҳкум намудани кори ин гуна шахсон мувофиқи мақсад аст.

Имрӯз мо бояд кӯшиш намоем, ки  кишвари ободгаштаистодаи худро боз ҳам ободтар намоем, барои тозагии виҷдони худ ва аъзоёни ҷомеа кӯшиш намоем, бо муҳаббат ба якдигар кӯмак расонем, баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон чораҳо ҷӯем. Баҳри пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсии мамлакат корҳои созандаро бояд ба роҳ монем. Вазифаи аввалиндараҷагии ҳар як инсони равшандил ин пеш аз ҳама таъмини осудаҳолӣ мебошад, зеро душманӣ инсонро танҳо ба ҷангу ҷидол ва низоҳои харобиовар меоварад. Суханбозон бо суханони барои худ манфиатоварашон ба ҳаёти садҳо инсонҳои қавиирода зарба расонида, дарахти дӯстию тинҷиро решакан кардани мешаванд, вале мо намегузорем, ки ин гуна одамон садди роҳи ободкориву тозакориҳо бошанд.

Хабарҳои бардурӯғ ва суханҳои фитнаангези роҳбарияти ҳизби ифротии наҳзат ва Паймони ба ном миллӣ ба касе лозим нест ва моён ба он бовар намекунем. Нест бод бӯҳтон, нест бод ҷангу ҷидол, нест бод фитнаангезӣ!!!

Зокирова Ш.М. – н.и.и., дотсенти кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh