Арзишҳои миллӣ-пояи устувори ободии Ватан!

Масъалаи дин ва арзишҳои миллӣ байни худ доимо тавъам буда боиси пешравии миллат ва давлат мешаванд. Муроҷиати сархатиби вилояти Суғд, номзади илмҳои филологӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозодаро хонда нафари миллатдӯст боз якбори дигар эҳсос менамояд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол шахсиятҳои олим, шарафманд ва масъулу ватанпарвар зиёданд.

Таҳлили алоқамандии дин ва арзишҳои миллӣ дар рушди босуботи ҷомеа, ки аз ҷониби Ҳоҷӣ домулло дар мақолаашон ифшо шудааст, собит месозад, ки арҷгузории урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар заминаи гуногунрангии миллию фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию неъматҳои Истиқлолияти давлатиро дини мубини Ислом амали нек ва инсонпарварона меҳисобад. Танҳо мусалмони гумроҳ ва фирефтаи фосиқон ба хотири манфиати нафарони зархариди пасипардагӣ ба поймол намудани арзишҳои миллӣ даст мезанад, ки хилофи дини поки Ислом, меъёрҳои одобу ахлоқ ва шаккокӣ ба масъулияти муқаддаси давлатдории миллат мебошад.

Муллоҳои чаласаводу бесавод то ҳанӯз дар байни мардум фитнаю иғво меандозанд, ки боиси коҳиш ёфтани устувории диндорон шуда метавонад. Масалан, баъзе кӯрсаводон ҷашнгирии Иди Наврӯзи аҷамро иди ғайриисломӣ гуфта фатвоҳои иштибоҳона медиҳанд, ки нишонаи бехабарии онҳо аз таърихи ниёгони хеш ва бузургии дини Ислом мебошад. Ҳол он, ки мардуми тоҷик Иди Наврӯзро аз давраи Сосониён ҷашн мегиранд ва оид ба ин арзиши миллӣ дар “Бурҳони қотеъ” таъкид рафтааст. Ривояте вуҷуд дорад, ки Офаридгор ҷаҳонро дар Наврӯз офарид ва “Одам низ дар ҳамин рӯз аз сол офарида шуд”. Исбот гардидааст, ки шоҳ Ҷамшед дар рӯзи Наврӯз ба мардуми худ чунин муроҷиат кардааст: “Худои таъоло шуморо халқ кардааст, бояд ки ба обҳои покиза тан бишӯеду ғусл кунед ва ба саҷдаву шукри Ӯ машғул бошед” ва ин рӯзро Наврӯзи хосса хондааст.

Собиров М.С, дотсент,
 
Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати ДДХ 

Add comment


Security code
Refresh