Фош шудани симои аслии душманони миллат

Дар байни фаъолону роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар самти Аврупо зиддиятҳои шахсӣ, эътиқодӣ, мазҳабӣ, молиявӣ ва фазои нобоварӣ ба амаломада, Муҳиддин Кабирӣ тактикаи нави мубориза – даст кашидан аз истеъфои нуфузи исломисиёсӣ ва ҳимояи арзишҳои ба ном демократиро интихоб кардааст.

Дасисаҳо ва мақсадҳои палиди роҳбарони мамнуъи ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳбарии шахсияти нохалафу хаёнатпеша Муҳиддин Кабирии ҷоҳили имрӯз сайёраро ба ташвиш гузоштааст ва мо ҷавонони Ватан аз ин андешаҳои разилонаи ӯ огоҳ гардида, имрӯз сари андешае омадем, ки Эрониён ва охундҳояшон ин ҳизби мамнуъи Кабириро сарпарастӣ менамудаанд. Дар расонаҳои хабарӣ, оинаи нилгун сарсупурдагони ин ҳизби маъмнуъ аз кирдорҳои разилона ва андешаҳои бадғаразонаашон пушаймон гашта, бо сӯзу гудоз сухан мегӯянд. Бо далелу санад сухан мегӯянд, ки мо иштирокчӣ ва роҳбари мухолифин будем ва имрӯз аз кирдорҳои худ пушаймонем. Кабирии разили хиёнаткор низ пушаймон аст ва роҳ сӯи андешаҳои нав меорад, то мардумро ба худ наздик кунад, аммо бояд донист, ки ин фарзанди ҷоҳил халқро ба нестӣ мебарад ва шаҳид шудан гуфта, умри азази ҷавонони беиродаро ба хок яксон мекунад. Ту Кабрии беномӯсу беватан, хоину сарсупардаи хоҷагони хориҷӣ, ҳоло ҳам аз андешаҳои разилона даст накашидаӣ, охир наметарсӣ, ки барои ҷони миллионҳо фардо чӣ гуна посух хоҳӣ дод. Оё андеша намеронӣ, ки фардо пардаи арӯсият аз рӯят медарад ва пуштибонҳоят бо дасти худ туро пора - пора мекунанд. Ҳайфи модари тоҷик, ки туро ба дунё варда, дар канор парварида, ҳайф ва ҳайфҳои дигар…

Бо боварӣ ва донишҳои замони муосир ояндаи ватанамонро ободу зебо намоем ва дар гушаи аз он ҳисси арзандаи худро гузошта бошем. Ватани азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва барои он софдилонаву содиқона хизмат намоем, зеро хиёнат ба ин миллат, хиёнат ба обу хоки он рӯзе ошкор хоҳад шуд ва муҷозоти сангин хоҳӣ шуд.

Эй он нафаре, ки зодаи ин сарзамини ҷаннатмаконӣ ва наводаҳоят дар ин марз рӯзгор бурданду доранд на бояд нисбати ин сарзамин ва сокинони он суханони беасос гӯӣ. Дигар халқи кабири ин сарзамин шаҳди чашидаро надорад.

Суханони вирдизабонии мардуми ин сарзамин чунинанд:

Андар паи ваҳдати Ватан хоҳам буд,

Дар роҳи саодати Ватан хоҳам буд.

Дар ҳифзи диёри соҳибистиқлолам,

Ҷон дода, ба хидмат Ватан хоҳам буд.

Маҳбуби Нурзод,
омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики
КОДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh