ХУРОФОТПАРАСТӢ АЗ МО НЕСТ!

Сарзамини бостонии тоҷикон, ки дорои тамаддуни чандинҳазорсола мебошад, бузургмардони зиёдро ба дунё овардааст. Мероси таърихии фарзандони барӯманди миллатамон имрӯз низ барои худшиносии миллӣ, муаррифӣ намудани тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар гуфтугӯи тамаддунҳо аҳамияти байналмилалӣ дорад.

Қобили зикри махсус аст, ки тоҷикон дар давоми асрҳои зиёд пайваста дар таҳаввулу инкишофи тамаддун ва фарҳанги исломӣ саҳми бузург гузоштаанд.

Мо ифтихори хоса дорем, ки бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит маъруф ба Имоми Аъзам (р) мебошад. Бояд гуфт, ки ба шарофати талошҳои фидокоронаи ин фақеҳ ва мутафаккири бузург ҳувияти аҷамӣ ҳифз ва арзишҳои миллӣ инкишоф ёфтаанд.

Маҳз бо кӯшишҳои Имоми Аъзам ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони ибодати динӣ нақш ва аҳамияти махсус дода шуд. Мазҳаби Абӯҳанифа ҳам таърихан ва ҳам амалан омили муҳими ваҳдати умумиинсонӣ, ҳифзи субот ва амнияти низоми ҷамъиятӣ аст. Ба ақидаи ӯ ягонагии мақсад, ягонагии гуфтор ва ягонагии кирдори аҳли ҷомеа шарти бақо  ва ҳастии ҳар як миллат мебошад.

Мутаассифона, имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро аз ҷумла роҳбарон ва аъзои ҳизби мамнӯи  наҳзат аз доираи низоми муқаррароту эътиқоди мазҳабии мардуми Тоҷикистон берун баромада, ғояҳои бегона ва барои аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавонон хатарнокро таҳмил карда истодаанд.

Ҷонибдорон ва таҳмилкунандагони чунин ақоиди бегона набояд фаромӯш созанд, ки дини ислом ҳеҷ гоҳ ҷонибдори хушунату зӯроварӣ набуд, баръакс ҳамеша  инсониятро ба сулҳу субот, адлу инсоф, ваҳдату муттаҳидӣ, сабру таҳаммул, дӯстиву рафоқат, меҳнати ҳалол ва муросову мадоро, яъне барои эҷоди муҳити ҷомеаи  солим  даъват менамояд.

Ислом инчунин дар такя ба арзишҳои аслии худ, қудрати инсонӣ, ҳуқуқи башар, адолати иҷтимоӣ, озодии фикр ва даъват ба сулҳ, дурӣ ҷустан аз хушунат ва таҳаммулгароӣ метавонад ба пешрафти илм ва рушди ҷомеа мусоидат намояд.

Илму дониш омӯхтан, ба касбу кор ва меҳнати ҳалол машғул шудан дар аҳкоми шариат ва усули таълимоти исломӣ  аз фаризаҳои аслӣ ба ҳисоб меравад.

Худшиносӣ насли  наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастовардҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад.

Бинобар ин, ба тамоми халқи Тоҷикистон, ҳар фарди худогоҳ ва бонангу номуси миллат зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.

Фарзандони бонангу номуси халқи Тоҷикистон бо дарки масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани  азизамонро минбаъд низ қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худ мешуморанд ва садоқати хешро ба Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол бо кору пайкори амалии ҳаррӯзаашон собит месозанд.

З.ПӮЛОТОВА,
сармуаллимаи кафедраи забони англисии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh