Ба ҷавонон моҳияти ҳадафҳои ифротгароёнро фаҳмонем

Бадбахтона, имрӯз дар нооромиҳо ва амалҳои ифротгароёна дасти бархе ҷавонони тоҷик низ олуда аст.

Ширкати онҳо дар гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ далолат мекунад, ки на ҳама сокинони кишвари мо ба умқи таълимоти дини мубини ислом расидаанд ва сулҳофаринишу таҳаммулпазириро дар он эҳсос накардаанд. Зеро манфиатхоҳону ҷаҳолатпешагоне, ки динро роҳи расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ қарор додаанд, аз қабл ба донишомӯзии ҷавонон дар макотиби дунявӣ монеъ гашта, мафкураи манқуртиро дар майнаи онҳо ҷой намудаанд. Аз теъдоди ҷавонони тоҷик, ки дар гурӯҳҳои ифротии мамолики араб мебошанд, аксарашон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра таҳсил накардаанд. Дар хусуси маълумоти олӣ бошад, ҳоҷати сухан гуфтан нест. Осебпазирии шуури онҳо аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад ва ҳар як хоҳишманде метавонад озодона мағзи онҳоро зери итоати худ дарорад.

Имрӯз ин тоифа тайёранд, ки ин нооромиҳоро то ба Ватани хеш оранд. Албатта, қудратҳое, ки бо дастони худ чунин неруи ҷаҳонсӯзро тайёр карданду дигар лаҷоми назораташро аз даст додаанд, дарк карданд, ки кадом хатари мудҳише ба насли одамӣ таҳдид мекунад. Мо - сокинони Тоҷикистон бояд бикӯшем, ки манфиатҷӯён натавонанд тафаккури фарзандони моро заҳролуд созанд, нисбат ба тақдири ҷавонони тоҷикистонӣ бетафовут набошем. Хоҳ онон дар қаламрави ҷумҳурӣ бошанду хоҳ берун аз он бошанд.

Ҳамаи ин ҳодисаҳои имрӯзаи ҷаҳон баҳри мо сабақанд. Мо бояд дарк кунем, ки канорагирию канораҷӯӣ аз мактабу маориф, аз донишу маърифат фарзандони моро ба роҳи бадкорӣ  нодурусти зиндагӣ мувоҷеҳ месозанд. Мо бояд ба фарзандони хеш ҳадафҳои аслии ифротгароёнро фаҳмонем, то онҳо оқибати амалҳояшонро андешида, рафтор кунанд.

М.Ҳайдарова,
ассистенти кафедраи аудит ва ревизияи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh