Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт…

Ба мушкилоту ихтилофоти хурду бузурги хонавода бо диққат назар кунем, эҳсос карда метавонем, ки маншаи аксари онҳо суханони зисту нописанде аст, ки бидуни тафаккуру андеша гуфта шуда, боиси ба вуҷуд омадани ихтилофот мегардад. Сухани хубу накӯ омили арзандае барои пешрафту пирӯзӣ ба ҳисоб меравад. Аҳли илму маърифат бо каломи ҳакимона мардумро ба ширинзабониву алфози зебо даъват мекунанд. Зеро сухани зебою ширин ва нарм қалби инсонро нарм месозад. Дӯстони самимию ҳамкорони фидокорро ба вуҷуд меорад, ки ҳангоми мушкилот ба ёрии якдигар мешитобанд. Дар китобҳои самовӣ гуфта шудааст, ки бо садои нарму ором сухан бигӯем. Оромона сухан гуфтан аз нишонаҳои ҳусни калом аст.

Яке аз авомили арзанда дар тарбият ва адабу ҳусни ахлоқи инсонӣ ҳамнишинӣ бо инсонҳои шарифу накӯкор аст. Ҳакиме гуфтааст: «ба ман бигӯ, рафиқат кист, то ба ту бигӯям, ки кистӣ». Ҳамнишинӣ бо инсонҳои хуб ҷавҳари фазоили ахлоқӣ , шарофату кароматро дар қалби инсон парвариш медиҳад.           

Нооромиҳои мамолики араб аз куҷо маншаъ гирифт?

Ҷавонони ин кишварҳо бо инсонҳои фосиқу бад ҷавҳар наздикӣ пайдо карданд. Ба ақидаҳои гуногуни ғаразнок кӯр-кӯрона пайравӣ намуда, ба даст аслиҳа гирифта, тинҷиву оромии кишварашонро бо дастони худ халалдор намуданд. Ҳамнишинӣ бо бадон ба сӯйи бадахлоқӣ, бадбахтӣ бурд. Аз қалбашон меҳру муҳаббату шафқатро берун намуда, онҳоро аз накӯкорӣ дур сохт.

Ҳол он ки Худованд тамоми мӯъминонро дастур медиҳад, рафоқат ва дӯстӣ бо покон ва солеҳонро интихоб  намоянд. Касонеро, ки ба дӯстӣ нагиранд, ки рафтору гуфтор ва кирдорашон ҳақоният бархӯрдор нест ва бо ифроту тафриқа ҳамроҳ аст.

Оре, таваҷӯҳи комил ба хушмуомилагиву интихоби ҳамнишини хуб инсонро ба роҳи росту дурусти зиндагӣ мебарад.

 

Ҳоҷӣ Набихон Ярқулзода,
 имомхатиби масҷиди ҷомеи
Ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh