Оғози фаъолияти заводи истеҳсоли автобусҳо дар шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияти заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.

Сохтмони корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ба итмом расонида шуд. Ҷамъият ҳамчун ширкати муштарак аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати тиҷорати туркии «Улишем» таъсис дода шуда, баҳри расидан ба ҳадафи миллии эълонгардида дар самти саноатикунонии кишвар роҳандозӣ шудааст.

Корхонаи муштарак иқтидори истеҳсолии автобусҳоро дар як сол то 300 адад расонида, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои бунёд ва ба роҳ мондани хати истеҳсоли воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар 90 млн. сомониро дарбар мегирад.

Дар корхонаи мазкур 6 хатти истеҳсолӣ мавҷуд аст: хати кафшергарӣ, хатти таҳрангмолӣ ва рӯпӯшкунӣ, хатти рангуборкунӣ, хатти басту банди механикӣ ва электрикӣ ва хатти назорати ниҳоии сифат мебошад. Ҳар як хатти истеҳсолӣ бо технологияҳои пешрафта ва муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Қобили зикр аст, ки 200 адад автобусҳои харидоринамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шарти банду басти минбаъда дар ҳудуди кишвар аз ҷониби мутахассисони корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” анҷом дода шуд.

Имрӯз дар корхона мутахассисон барои баланд бардоштани малака ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар гардида, аз рафти истеҳсолоти аввал то ба итмом расонидани истеҳсоли автобусҳо ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт аз омӯзиш гузаштаанд.

Маҳз баланд бардоштани савияву малакаи мутахассисони маҳаллӣ барои сари вақт банду баст ва тибқи тартиби муқарраргардида супоридани автобусҳо ба корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе имконпазир гардонид ва айни замон муддати 1 сол аст, ки шумораи автобусҳои таҳвилёфта ва дар ҳудуди кишвар бандубастгардида дар хатсайрҳои пойтахт ба хизматрасонии ҳамлу нақли сокинон ва меҳмонони пойтахт равона гардидааст.

Автобусҳои бандубастшуда ва истеҳсолшаванда мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии “Евро 5”, дорои муҳаррики ширкати бонуфузи “Мерседес Бенз” ва мутаҳаррики ширкати олмонии “Zahnrad Fabrik”, инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётӣ ва васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд. Тибқи нақша дар назар дошта шудааст, ки марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар истеҳсол карда шавад. Дар мадди аввал автобуси дохилишаҳрӣ бо дарозии 12 метр ва бо ғунҷоиши 98 нафар мусофир, ки дар он 26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст истеҳсол мегардад.

Яке аз хусусиятҳои рақобатнокии автобусҳои истеҳсолшаванда дар он аст, ки ҳамаи моделҳои автобуси тамғаи “Акиа” бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол карда мешаванд, ки ин ба кам намудани вазни умумӣ оварда расонида, аз ин ҷиҳат сарфакунии хароҷоти сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин муҳлати истифодаи автобусҳо зиёд мегардад. Автобусҳо бо 5 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда, таҷҳизоти гармиву хунукидиҳанда (кондиционер) муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки баҳри бехатарӣ ва барҳаво ҳамлу нақли мусофирон хизматрасонӣ менамоянд. Дар назар дошта шудааст, ки марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркаш низ ба роҳ монда мешавад.

Бинои бунёдшуда бо тарҳи замонавӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ ба анҷом расонида шуда, дар маҷмӯъ масоҳати хати истеҳсолии корхона 12 ҳазор метри квадратиро ташкил медиҳад.

Бунёду навсозии бино на танҳо дар хатти истеҳсолӣ, балки барои кормандони корхонаи муштарак низ тамоми шароити хуб фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла ошхона барои 300 нафар, маҷлисгоҳ, ҳуҷраи либоскашӣ бо ҷевонҳои алоҳида барои ҳар як корманд, таваққуфгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ ташкил карда шудааст.

Фаъолияти корхонаи муштарак бо мақсади қонеъ намудани талаботи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳсулоти истеҳсолнамуда ва содирот намудани он ба кишварҳои минтақа мебошад.

Ба фаъолият оғоз кардани заводи истеҳсоли автобусҳои мусофирбар дар сиёсати давлати Тоҷикистон баҳри татбиқи ҳадафи дигари Ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи табдил додани Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ гоми устувор мебошад ва ин ҳадафи Ҳукумат марҳила ба марҳила татбиқ карда мешавад.

Ҳамчунин имрӯз аз ҷониби ҷамъияти дорои масълуияти маҳдуди Авесто Гурӯҳ, лоиҳаи корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд.

Сохтмони корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар ҳамбастагӣ бо яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дар ин самт – ширкати туркии “Суперлит Бору”амалӣ карда мешавад.

Қубурҳое, ки ҳангоми амалинамоии лоиҳаи мазкур истифода мешаванд, асосан аз хориҷи кишвар харидорӣ мегарданд. Бо дарназардошти рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва васеъшавии шаҳру ноҳияҳо, зарурати аввалиндарҷа ба навсозӣ ва барқароркунии шабакаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва канализатсия, инчунин таъминоти майдонҳои кишоварзӣ бо об ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ ба миён омадааст.

Инчунин қубурҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар буда, оташбардор мебошад. Барои истеҳсоли қубурҳои зиркгардида асосан маҳсулоти зерин, аз ҷумла қуми кварсӣ, нахи шишагин ва қатрон зарур мебошанд. Боиси тазаккур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конҳои қуми кварсӣ хеле зиёд ба назар расида, дар навбати худ аз ин намуди қум истеҳсол намудани нахи шишагин низ имконпазир аст. ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” ҷиҳати сохтмони корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ Ёддошти тафоҳумро бо ширкати туркии “Суперлит Бору” ба имзо расонида, дар муҳлатҳои наздик корҳои сохтмониро шурӯъ менамояд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи нақша, корхонаи мазкур дар майдони 4 гектар сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 150 км. қубурро ташкил медиҳад. Диаметри қубурҳои истеҳсолшаванда аз Ø300мм. то Ø3000мм-ро ташкил менамоянд. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Истеҳсолоти мазкур ба пуррагӣ воридотивазкунанда буда, ҳангоми ба иқтидорҳои пурра баромадани истеҳсолот имконияти содирот намудани маҳсулоти корхона ба кишварҳои ҳамсоя пайдо мегардад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Add comment


Security code
Refresh