Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт!

Чанд рӯз қабл раиси созмони ба номи “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ пеш аз баромади худ эълон дошт, ки ба саволҳои мардум ҷавоб мегардонад. 

 Аммо дар баромад аслан асаре ҷавоб ба саволҳо вуҷуд надошт. Танҳо фикрҳои худи Кабирӣ дарҷ гардид.

Мо - кормандони Коллеҷи тиббӣ ба ин фикр омадем, ки Кабирӣ дурӯғгӯй, ҳилагар ва хоини миллати тоҷик аст ва хоҳад монд. Аз пушаймон будан аз амалҳои анҷом додааш ягон асаре ҳам набуд. Дар баромадаш танҳо мардумро иғво меангехт. 

Мардуми кишвари мо имрӯз баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои олии худ устуворона кӯшиш мекунад. Ва табиист, ки ин роҳ ҳамвор нест, сангҳои сари роҳ халал эҷод карданӣ мешаванд. Инҳо чунин хоинони ватан мебошанд, ки Тоҷикистони азизи моро баъд аз ин қадар обод, ба биҳишти рӯи замин монанд шуданаш дидан наметавонанд, нотавонбинанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба гуфтаҳои ин гуна хоинҳои миллат ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд.

 Омӯзгорони Коллеҷи тиббии
 шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh