Босмачиро таърих намебахшад!

Бо мурури замон гузашти солиёни тӯлонӣ калимаҳои "босмачӣ" ва "қурбошӣ" қариб фаромӯш шуда бу. Аммо дар  ин айём раиси ТТЭ –ҳизби хиёнаткори наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва пайрави ӯ Сайидюнуси Истаравшанӣ он босмачиҳоеро,ки сад сол пеш дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба талаву тороҷ, таҷовуз ва ғорати молу мулки мардум машғул шуда, дар таърих ва байни мардум ҳамчун босмачӣ  шинохта шуда буданд,ҳимоя мекунанд.

Кабирӣ дар суханронии мустақим ва Сайидюнуси Истаравшанӣ дар баёни фикри худ дар  шабакаҳои иҷтимоӣ қурбошиҳои асри гузашта Иброҳимбек, Фузайл Махсум, Кӯри Шермат ва дигар золимонро муҷоҳид эълон намуда, ба мардуми олам кӣ будани худро тасдиқ карданд.

Кабирӣ аз калимаҳои ҷиҳод, муҷоҳид, мубориз ва шаҳид лаззат мебарад, зеро ин калимаҳо,саркардагон ва давомдиҳандагони фаъолияти ҳизби хиёнаткори наҳзатро зиёда аз сӣ сол инҷониб мехӯронад, мепӯшонад ва барои ба даст овардани маблағҳои ҳаром сабаб мешавад.

Ҳизби хиёнаткори наҳзат солҳои навадуми асри гузашта ҷиҳод эълон карда хуни мардумро рехт. Имрӯз бошад, тариқи шабакаҳои интернетӣ, Кабирӣ ва Сайидюнус ҳамон фатвои беаслро пеш оварда, босмачӣ ва қурбошиҳоро муҷоҳид, мубориз ва шаҳид эълон намуданд ва даъво мекунанд, ки Иброҳимбек, Фузайл Махсум ва Кӯри Шермат босмачӣ набуданд.

Мо имрӯз гуфта метавонем, ки Кабирӣ ва Сайидюнус аз он қурбошӣ  ва босмачиҳо фарқе надоранд, миллати тоҷик на инҳоро мебахшаду на онҳоро.

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА

Add comment


Security code
Refresh