Чашм то во кардаӣ, ранг аз назарҳо рафтааст...

Ҳақ бар ҷониби Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода аст, ки басо воҷаи рамзиву мувофиқи “бӯқаламун”-ро ба ин саркардаи хоинон, яъне Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш унвон додаанд. Зеро муаллифи асари “Бурҳони қотеъ” низ дар тавзеҳи маънии бӯқаламун ба ҷуз аз “ҳирбо”, яъне навъе аз ҳайвони сусмормонанди кишварҳои гарм, ки ранги пӯсти худро вобаста ба муҳит дигар мекунад, инчунин рангу рӯй иваз кардани инсони сифларо низ илова кардааст.

Ин қабил одамон аз ҳар кор рӯй намегардонанд.

Чун намояндагони ТТЭ ҲНИ бо паёми табрикии солинавии худ бори дигар рангу рӯй ва пӯсту решаи худро иваз карда истодаанд, ин нишонаи он аст, ки ин хоинон на мазҳаб доранду на давлату на миллат. Яъне  танҳо бо ин роҳ мехоҳанд ба хоҷагони хориҷии худ наздиктар шаванд, аз онҳо боз пулу мол гиранд, гурезгоҳи муваққатии худро устувортар созанд.

Як нуктаро бояд ёдовар шуд, ки дарвоқеъ, соли 2018 барои ҷаҳониён, хоса мардум тоҷик соли муваффақиятҳо, соли рушд, саломатӣ, соли тинҷӣ ва аз ҳама муҳим соли дӯстиву бародарӣ буд. Дар арсаи ҷаҳонӣ муаммоҳои об ва дигар проблемаҳои миқёси ҷаҳонӣ, ки роҳҳои бартараф кардани он бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод шуда истодааст, чун дигар иқдомҳо дастгирӣ ёфта истодааст. Илова бар ин, муносибати халқу миллатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон тамоман ранги дигар гирифт, ин рушду пешравиҳо чашми нотавонбинонаи душманонро боз хиратар сохт ва дили санги онҳоро боз сангинтар намуд. Аз ин рӯ, онҳо бо ҳама роҳ мехоҳанд чун “бӯқаламун” дар назди ба ном ташкилоту муассисаҳои манфиатҷӯ ранги худро дигаргун намуда, нисбат ба ҳар кору рафтори мардум тоҷик бадгӯӣ кунанд. ҳамаи моро имрӯз зарур аст, беш аз пеш, аз муваффақиятҳои хеш ҳарф занем, корҳо, иқдомҳо, талошҳои шоистаи шудаистодаро дастгирӣ намоем ва баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азизамон ҳиссагузор бошем.

Н.Ҳамробоев,
мудири шуъбаи табъу нашри
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh