ҲАБСИ АБАД БЕҲТАРИН РОҲ АСТ!

29 июли соли 2018 аъзои Созмони террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) бо кирдор ва ҷинояти ноҷавонмардонаи худ, гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятиеро таъсис доданд, ки ин нохудогоҳону худбохтагон ва хиёнаткорону зархаридон бо истифода аз воситаи нақлиёт ва олотҳои буррандаю халанда ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуда, чор нафари онҳоро бераҳмонаю ваҳшиёна ба қатл расониданд. Хабари ҳамла ва ҷинояти бераҳмонаро ба сайёҳони хориҷӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Сафобахши Ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони номард ва хиёнаткор, ки пайравони ТТЭ ҲНИ буданд, сурат гирифта буд. Ин ҷинояти вазнину сангин ва амалҳои ғайриинсонию манфури онҳоро ҳамон замон на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки кулли сокинони кураи арз шадидан маҳкум намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли 2018 дар Точикистон аз ҷониби Пешвои миллат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадаф аз чунин эълон гардидани сол, пеш аз ҳама, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии шоистаи фарҳанги миллат ба ҷаҳониён ва ба кишвари сайёҳӣ табдил додани Тоҷикистон аст. Мусаллам аст, ки дар кори ин ҷиноят дасти душманони давлату миллат расидаву бо ин кирдори ноҷавонмардонаи худ симои миллатро ба ҷаҳониён манфӣ муаррифӣ кардан, дида натавонистани пешрафту шукуфоии Ватани азизи мо ва паст намудани обрӯву манзалати халқи меҳмоннавози тоҷик мебошад.

Тамоми мардуми Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати хирадмандонаву оқилонаи давлату ҳукумат муттаҳид гардида, муроҷиати Сарвари давлатро ҷиҳати риояи эҳтироми хоса, муомилаи неки ҳамидаи инсонӣ ва ба ҷо овардани меҳмоннавозии баланд бо сайёҳон комилан ҷонибдорӣ намуда, зуҳури ҳама гуна бадбиниву хиёнат ва ҷинояткориро ба сайёҳони меҳанамон маҳкум менамоянд. Вале, ҷиноятпешагону ҷинояткорон ва тангназарону кӯрдилони наҳзатӣ ин ваҳдату муттаҳидии миллатро халалдор намудан мехоҳанд.

ҳамагон хеле хуб медонанд, ки ташкилкунандагон ва ҳомиёни ин гурӯҳи ҷиноятӣ ва қотилон ТТЭ ҲНИ буда, амали ин гурӯҳи ҷиноятпеша латмаест ба обрӯи миллати сулҳпарвару меҳмоннавози мо. Тамоми халқи шарифи Тоҷикистон аз ин ҷинояти содиршуда хеле сахт нороҳат гардида, онро шадидан маҳкум намуданд ва ҳамеша чунин амалҳои ноҷавонмардонро ҷиддан танқид мекунанд.

Яке аз чунин тангназарону кӯрдилон ва нохудогоҳону худбохтагон ҳусейн Абдусамадов мебошад, ки роҳбари гурӯҳи ҷиноятии ҳамала ба сайёҳонро бар уҳда дошт. Имрӯз, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ин инсонсурати ҳайвонсиратро бар ин ҷинояти даҳшатбору ваҳшатнокаш ба ҳабси абад маҳкум намудааст, доду войи террористону экстремистони фирории ТТЭ ҲНИ ба фалак хест. Бояд гуфт, ки Додгоҳи олии кишвар ҳанӯз ҳам ба ин заҳҳокпешагону аҳримансиратон раҳм кардааст. Зеро барои чунин амали пастфитратонаю разилона дар баъзе кишварҳои дигар ҳукми қатл пешбинӣ шудааст. ҳамзамон, на танҳо ҳусейн Абдусамадов, балки он 11 нафар - Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов ва Маҳмадулло Қаландаров барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят, бояд қотеъона ҷазо дода шаванд. Чунки онҳо меҳмонони кишвари моро ваҳшиёна ба қатл расониданд ва бо ин амалашон обрӯю нуфузи миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ ба поён бурданӣ буданд. Аз ин рӯ, фаъолони наҳзатӣ, ки чунин амали нангинро ба ин ҷавонон супориш додаанд, бояд дастгир ва маҳкум ба ҷазои мувофиқ карда шаванд.

Нодири ҚОДИР,
таҳлилгар

Add comment


Security code
Refresh