Парафшон бод, парчамат Тоҷикистон!

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷ гузоштан ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявист.

Мо огоҳ ҳастем, дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ се муқаддасоти давлатдорӣ, рамзи ҳастӣ ва соҳибихтиёрии давлату миллат – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ қабул ва тасдиқ карда шуданд.

Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари мақсаду маром, таҷассумгари давлатдории миллати куҳантаърихи мост. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Баргузории Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, он дар замири ҳар фарди ватандӯст эҳсоси дӯст доштан ва парастиши ин марзу бумро дучанд менамояд. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд назди Ватан боло мегардад, садоқату эҳтиром зоҳир карда мешавад.

Парчам дар замони Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон чун рамзи баҳамоии миллат шинохта ва он дар мамолики хориҷӣ ҳангоми ғолибият дар мусобиқаҳои варзишӣ афрохта мешавад.

Таърихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар як сокини кишвар муқаддас буда, бо шарофати ҷилои он мардум бештар муттаҳид гашта, ифтихори зиёд эҳсос менамоянд.

Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
 академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh