БУНЁДГУЗОРИ БАҚОИ МИЛЛАТ

 

 

 

Дар таърихи ҳар як халқу давлат лаҳзаҳое ҳастанд, ки дар бунёду пешрафти мамлакат нақши ҳаётан муҳим мебозанд. Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили ҳамин гуна рўйдодҳои сарнавиштсози таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мегардад, ки роҳу самтҳои инкишофи ояндаи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии Ватани моро равшан муайян намуд.

Иҷлосия 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд оғоз гардид ва дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Дар Иҷлосия ба Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сарвари давлат дода шуд. Ба уҳдаи Сарвари давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон вогузор гардида, хушбахтона Иҷлосияи тақдирсоз ба дилҳои мардум умед бахшид.

Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали аз бўҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузоштанд.

Давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъолияти худро аз оштии миллӣ, сулҳу салоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуд. Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар дили  мардум ба ояндаи дурахшон  шуълаи умедро бедор кард.

Вакили Иҷлосия Бобораxаб Бобоев акси хотиравӣ ва маводи таърихиро бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз, ки 19 ноябри соли 2017 дар қасри Арбоб баргузор гардида буд, ба Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А. Рўдакии шаҳри Панҷакент тақдим намуда, чунин баён намуд: «Ба ҷавонони диёр иброз медорам, ки ба қадри Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳматҳои сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сарнавишти таърихи навини тоҷикон нақши муҳим бозидаанд, бирасанд ва онро бегазанд ба наслҳои оянда интиқол диҳанд».

Мо - ҷавонон, аз он сарбаландем, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор мегузорем. Маҳз, ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳоло хушбахт аз онанд, ки озодии комил насибашон гардидааст, зеро озодӣ дар зиндагӣ беҳтарин ҳадяи худовандист.

Зебинисо ОТАБОЕВА,

шаҳри Панҷакент

                                                                                             

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh