Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Шуморо ба ифтихори яке аз санаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар – Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳар сол дар саросари кишвари ободу озоди мо бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки халқи шарафманди тоҷик зери парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ - ифтитоҳи чархи якуми Нергӯгоҳи барқи обии "Роғун"-ро амалӣ намуд, ки самараи ташаббусҳо, заҳматҳои пайваста ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ, якдиливу ҳаммаромии мардуми заҳматқарини тоҷик мебошад.

Ташаббуси бунёди ин иншооти бузурги аср сароғози корномаи навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт.

Таърихи навини давлатдории тоҷикон гувоҳи он аст, ки арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ, ки Парчами давлатӣ яке аз онҳо мебошад, барои дарки амиқи ғояҳои олии марбут ба ҳуввияти миллии мардум нақши муассире дорад. Парчам мақсаду мароми созандаи миллати тоҷикро инъикос намуда, ифодагари роҳи таърихии он мебошад. Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарфарозӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Парчами давлатии мо таҷассуми ҳастии миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он ба шумор меравад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди кишвари мо бо саъю талош дар роҳи ваҳдату ягонагӣ исбот намуданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони ватанпарасту озодандеши худ ҳастанд.

Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

“Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд”.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ василаи беҳтарини парвариш ва тақвияти ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ мебошад.

Парчами давлатӣ рамзи зиндагии осудаву ободи мардуми кишвар, некбиниву шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатӣ буда, ҳар як фарди ватандӯст, бонангу номуси кишварро ба он ҳидоят менамояд, ки бо меҳнати содиқонаву софдилона барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди вилоят зери Парчами давлатии Тоҷикистон, ки рамзи озодиву истиқлол, ояндаи дурахшон ва мояи ифтихори халқи тоҷик аст, муттаҳид гардида, бо шукргузорӣ аз замони осоишта ва неъматҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъона саъю кӯшиш менамоянд.

Add comment


Security code
Refresh