Ҳар ҷиноятро сазоест!

Расонаҳои наҳзатӣ дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳаммаслакони ҷинояткорашон, ки даст ба ҷиноёти сангин зада, бо ҳукми додгоҳ ба зиндон кашида шудаанд, доду бедодро роҳандозӣ намуда, вобаста аз тавсияҳое, ки СММ дар бобати парвандаҳои мазкур пешниҳод намудааст, онҳоро ба ҳайси амри ногузир аз мақомот талаб доранд. Тайи се соли охир ҷинояткорони наҳзатии фирорӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бо тамоми тавони хеш кӯшиш доранд, то ҳаммаслакони худро аз адои ҳукми ҷазои барои аъмоли зиддимиллӣ ва зиддиинсонии содирнамуда гирифтаашон озод кунанд. Ҳамин аст, ки дар Аврупо ҳар рӯз як кумитае ё созмоне таъсис медиҳанд, ки бунёд ва решаву моҳияти ҳамаи онҳо наҳзатӣ ва наҳзатмаоб аст.

Бо ин роҳ мехоҳанд назди созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳон нишон диҳанд, ки то чӣ андоза мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ва норозиёни сиёсӣ зиёданд. Аммо ин амали тақаллубии онҳо дар ҳама ҷо аз офтоб равшантар аст.

Аз ин ҷост, ки талаботи масъулини ин гурӯҳ дар доираи хостҳои наҳзатӣ маҳдуд гардида, ҷиҳати ҳамовозӣ пайдо кардан ба сатҳҳои дигари муҳоҷирӣ бароварда мешаванд.

Расонаҳои ифротии ТТЭ ҲНИ чанд наҳзатии ҷинояткор ва хоинро ҳамчун мусичаи бегуноҳ унвон карда, онҳоро ба сифати зиндонии сиёсӣ ном мебаранд. Дар асл, ин тоифаи ба ном зиндониёни сиёсӣ, ба сиёсат рабте надоранд, онҳо ҷиноят содир карда, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанду халос. Масалан, чанд нафари онҳо бо ҷурми иштирок дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ,  бо гуноҳи терроризму ифротгароӣ маҳкум гардидаанд. Баъзеи дигарашон ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта содир карда, ба маҳбас кашида шудаанд.

Гуноҳи ҳамаи онҳо бо далелҳои раднопазир исбот гардида, бо қарори Суд ҷазо гирифтаанд. Маъмулан, ҷинояткорро дар ҳар кишвари дигаре ва дар ҳар давру замон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ягон ҷойи ҳайронию воҳима надорад. Ва ТТЭ ҲНИ ҳам ягон хел ҳизби мухолифи сиёсӣ нест, балки ташкилоти террористӣ - экстремистӣ мебошад.

Инро мақомот бо санаду далелҳо исбот кардааст ва қарори Суди Олии кишвар дар ин маврид судур гардидааст. Танҳо бахшидани ин нафароне, ки ҷиноят содир намудаанд, дар доираи қонуни авф имконпазир аст. Дар дигар ҳолат ҷинояткор бояд дар доираи қонун ва ҳукми додгоҳ адои ҷазоро анҷом диҳад.

Эҳсони Илҳом,
коршиноси умури иҷтимоӣ,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh