ШИШАИ НОМУСИ ОЛАМ ДАР БАFАЛ ДОРЕМ МО

Баъд аз огаҳӣ ёфтанамон аз вазъияти шаҳри Хоруғ, ки шаби 4-ум ба 5-уми ноябри соли ҷорӣ ба миён омадааст, беихтиёр байти Соиб вирди забон шуд, ки мегӯяд:

Ҳар кӣ по каҷ мениҳад, хуни дил мо мехӯрем,

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо.

Дар баробари оромиву осудагие, ки дар кишвар барқарор гардиду миллати тоҷик дар арафаи чорабинии муҳими сиёсиву иқтисодӣ – ба истифода додани агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқии обии Роғун қарор доранд, амали ноҷавонмардонаи як гурӯҳ ҷавонони гумроҳи вилояти Бадахшонро бо саврарии Хурсанд Мазоров – яке аз лидерони ғайрирасимии ин вилоят чӣ гуна метавон хулосагирӣ кардҳ!

Воқеан ҳам, ба ҷуз хиёнат ва носипосӣ ба халқу миллат ва ношукрӣ чӣ ҳам метавон гуфт! Дар кишвар ҳама бояд ғуломи қонун бошанд ва махсусан раҳбарони вилояту ноҳияҳо барои беҳбудии аҳолӣ ва оромии он кӯшиш намоянд. Бо ин мақсад раҳбарони аввали вилоят иваз ва назорти қонунҳои амалкунанда аз ҷониби ситоди байниидоравии амният бештар гардид.

Ин амали хайру савоб ба гурӯҳе, ки корашон қоҷоқи ҳар гуна мавод, аз ҷумла мухаддир ва яроқу аслиҳа аст, писанд наафтод. Вагарна дар иттилои шабакаи маҷозӣ – интернетӣ сабт ёфта, ки «дар марзи Афғонистон ҳоло миқдори зиёди маводи мухаддир ва силоҳ ҷамъ шудааст ва посгоҳи мавҷуда як монеаи асосӣ дар роҳи кочоқи он ба шаҳри Хоруғ гардидаанд». Ба таъбири дигар, он носипосон намехоҳанд, ки ғуломи қонун бошанд. аз ин рӯ бо ҳар баҳона мехоҳанд аз рӯи мақоли «худам - шоҳу табъам - вазир» амал намоянд. Вале ба ин бехабарону ноогоҳон бояд бо мақол гуфт, ки Шумо, ҷанобон, тушбераро хом шуморидед! Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта буд. Имрӯз на танҳо худро ҳимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза ҳам бурда метавонад. Инро хуб донед ва аз хотир фаромӯш накунед!

Ҳайфи он ҷавонон, ки ба ваъдаҳои бардурӯғи «хоҷа»-ҳои дохиливу хориҷӣ дода шуда, ҷавонии худро на сарфи хондану илм омӯхтан, балки сарсониву оворагардӣ мекунанд. Ҷавонон, бояд донову огоҳ бошед, ки таърих собит сохтааст ва бузргони мо ин шаҳодати таърихро ба назм кашидаанд, ки омӯзанда аст:

А.ҲАСАНЗОДА,
М.ОЛИМҶОНОВ,
устодони кафедраи забони тоҷикӣ

Add comment


Security code
Refresh