Гузаштаро бояд фаромӯш накард...

Таърих гувоҳ аст. Инсонҳои дурандеш, ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки гузаштаи худро фаромӯш нанамоянд. Воқеаҳои даҳшатовару хонумонсӯзи солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон маҳз бо ташабуси ҳамон нафароне ба миён омада буд, ки мехостанд дини исломро ба ҷабҳаи сиёсӣ табдил диҳанд.

Дар он солҳо як гурўҳ инсонҳои манфиатхоҳу мансабталош хостанд, ки ниқоб дини исломро истифода намуда, ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданд. Гурӯҳе дар кӯчаҳои шаҳр бо ном давлати исломӣ, мардуми гумроҳро маҷбур месохтанд, ки гуфтаҳои онҳоро иҷро намоянд. Инчунин ба онҳо аз хориҷа яроқу аслиҳаи ҷангӣ, маблағ, хўроку пўшок фиристода мешуданд.

Аз байн рафтани Тоҷикистон хамчун давлат ба манфиати кӣ ва кадом гурӯҳ будҳ Чаро он нафароне, ки худро дар ҳамон солҳо руҳониву мусалмони асил метарошиданд, мардумро даъват накарданд, ки майдонҳоро тарк намоянд ва ба бетартибиҳо роҳ надихандҳ Ба ин нигоҳ накарда, гурӯҳе аз паи нобуд сохтани хазинаҳои давлат, талаву тороҷ, корхонаву муассисаҳо муфлису бекории мардуми саргардону гуруснаву мотамзада мешуданд.

Агар ба гузашта ва имрӯза нигоҳ кунем, дирўзу имрўз собиқ роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш бо суханҳои хушку холӣ баромад мекунанд, ки ин ҳама иншогари бадбиниву кина ба ин давлату сарзаминанд. Ҳизби мазкур даъво дорад, ки гуё имзои Созишномаи оштии миллӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ТТЭ ҲНИ ба имзо расида бошад. Аммо тамоми он созмонҳову давлатҳои кафили сулҳ хуб медонанд, ки дар ин созишнома номи ТТЭ ҲНИ набуда, балки ИНМТ (Иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик) интишор гардидааст.

Маълум аст, ки дар ҷумҳурӣ байни ҳизбҳои сиёсӣ, Ҳизби наҳзати ислом ягона ҳизбе буд, ки аз рўзҳои аввали ташкилшавӣ ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид шуда буд. Миёни аҳолии кишвар ҳеҷ вақт обрӯ ва ҷонибдорони худро пайдо карда натавонист ва сабаби ноустуворӣ гардида, аз байн чун селоби печутоб рафт. Таҷриба нишон медод, ки дар фаъолияти ТТЭ ҲНИ ҳолатҳои экстремистӣ, терроризми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ ва ҷиноӣ равшан зоҳир мегардид.

Таърих гувоҳ аст ва имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби мамнуъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун аз марзи Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷӣ ва бо истифода аз ҳар гуна бўҳтон ва танқидҳои беасос ба воситаи нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Бо ин рафтору кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишвари азизамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он ҳизби иртиҷоӣ - динӣ ва экстремистию террористиро мебинанд, ки мехост бо истифода аз иғво ва дигар амалҳои таҳрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.

Мо, миллати куҳанбунёд, фарҳанги воло дошта, бовар дорем, ки халқи тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки қотилон ва роҳбарони ҳизби ба ном исломӣ ҷаҳонбинии устувори сиёсии худро муқобил мегузоранд.

Ҳ.ҒАЮРОВ,
дотсент, муовини ректор оид
ба корҳои таълими
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикитстон

Add comment


Security code
Refresh