Тафриқаандоз ҷазояшро мегирад!

 Дар сомонаи «Паём нет» 13-уми октябри соли 2018 аз ҷониби Алим Шерзамонов, муовини роҳбари эътилофи ба ном «Паймони миллӣ», якчанд вокунишҳои иғвоангези навбатӣ ба табъ расидааст. Аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳар як инсони соҳибақл маълум аст, ки силоҳ дар дасти афроди ҷиноятпеша ба чӣ оварда мерасонад. Ҳадафи давлату ҳукумат гирифтани роҳи хунрезӣ ва ҷинояткорӣ мебошад. Халъи силоҳ намудани ҷинояткорон ягона роҳи раҳоӣ дар он рӯзҳои мудҳиш буд ва хоҳад монд. Алим Шерзамонов қайд мекунад, ки расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардурӯғ пахш мекунанд. Мардуми бонанг хуб медонанд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як идда ҷиноятпешагон вазъиятро то кадом дараҷа  муташанниҷ намуда буданд.

Бояд бигӯем, ки Алим Шерзамонов худ дар гузашта узви ҳизби коммунист буда, баъдан аъзои ҳизби сотсиал-демократ гардид. Дар ин ҳизб худро ҷонишини роҳбар эълон намуда буд, ки аз тарафи роҳбарияти ин ҳизб инкор карда шуд. Имрӯз бошад, боз худро муовини кадом як ташкилоти «Паймони мили» эълон карда истодааст. Ӯ  худ ягон мавқеи аниқу дақиқ надорад. Дар шаҳри Варшава ҳамеша дар паҳлӯи М. Кабирӣ буд. Шерзамонов ва дигар афроди ба мисли ӯ аз ҷониби хоҷагони хориҷиаш маблағгузорӣ мешаванд, мехоҳанд дар мамлакати тинҷу ороми Тоҷикистон фитна ва иғвоҳо ангезанд. Аммо ӯ хатои бузург мекунад. Ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз афкору ақидаҳои устувор дорад ва ба иғвоҳои кабириҳо ва шерзамоновҳо дода нахоҳад шуд. Ӯ дар мусоҳибааш бо «Паём нет» чоплусона собиқ ҳизби наҳзати исломро сафед карданӣ мешавад. Ҳол он ки он чизе аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Ҳамчунин хабарнигори иғвоангези «Паём нет» дар мусоҳиба чунин тааҷҷуб мекунад, ки агар саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ силоҳҳояшонро насупоранд, чӣ хоҳад шудҳ Чӣ ҳам мешудҳ Албатта, мо аминем, ки мақомоти қудратии давлатӣ ва ҳукумат, бо ҳар роҳе бошад, силоҳро аз дасти ҷиноятпешагон мегиранд, аммо мусолиҳа ва гузашт ин беҳтарин кор аст.

Ашхосе, ки дастовардҳои дар даврони Истиқлолият бадастовардаи тоҷикистониёнро нодида мегиранд, кӯр хоҳанд шуд. Ба ин дастовардҳои мо дигар кишварҳо бо ҳавас менигаранду аҳсант мегӯянд. Ва фақат нотавонбинон ба ин комёбиҳо бо назари танги муғризона нигоҳ карда, мехоҳанд ҷомеаи амну босуботи моро ба ҷангу хун кашанд, аммо як чизро бояд дар хотир дошт, ки тафриқаандозон хоҳу нохоҳ бар ивази кирдори худ ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.

М.ШАРИФОВА,
дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh