Дин ва мазҳаб дар ҷомеаи шаҳрвандӣ

Бунёд ва сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати ниҳоди қудратманди иҷтимоӣ, ба нерӯи зеҳнию ақлонӣ ва зарфиятҳои фикрии ҷомеа сахт алоқаманд аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҳар қадар неруҳои зеҳнӣ ё ба истилоҳ интеллигенсия, дар фазосозӣ фаъол бошад, ҳамон қадар муваффақшавии низоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёдтар мегардад.

Хусусан, сатҳи биниш ва фаҳмиши донишҷӯён аз дониши муаллим вобаста аст. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз бозеки ҳукумати қонунӣ ба фаъолият пардохт то имрӯз давра ба давра ва марҳила ба марҳила дин ва мазҳаб, махсусан мазҳаби ҳанафӣ дар фазои фарҳангӣ ва маънавии тоҷикӣ маҳбубият пайдо намуд. Соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хотираи поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил шуд.  Тасвиби санадҳои меъёрию ҳуқуқии самти марбута, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри «Қуръон»  ва дигар осори исломӣ гувоҳи онанд, ки давлат ва ҳукумат дар ҷодаи амалӣ сохтани ниёзҳои динӣ-иҷтимоии мардум гомҳои устувор бардоштааст.

Ҷомеаи омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент низ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мафкураи донишҷӯёнро фазои устувори хештаншиносӣ фаро гирифта, онҳоро аз пайвастшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ боздорад.

Муаззамой РАҲМОНОВА,
мудири кафедраи таърих ва
ҷомеашиносии Колеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh