Бо тафаккуру андешаи солим баҳри пешрафти кишвар саҳм гузорем!

Барои бақои ҳар ҷомеа ва рушду инкишофи он суботи сиёсӣ ва амнияти ҷамъиятӣ аз ҷумлаи муҳимтарин талаботҳо ба ҳисоб меравад. Аз замони пайдоиши худ давлат маҳз дар анҷоми ин вазифаҳои муҳими сиёсӣ тадбирҳо амалӣ намуда вобаста ба тавоноӣ ва иқтидори ҳарбии хеш ин вазифаи муҳимро анҷом медиҳад. Хосатан дар давлатҳои низоми демократӣ дошта, давлат қабл аз ҳама масъули таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти давлатӣ дониста мешавад. Масъалаҳои дигари иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ бошад, бо иштироки фаъоли мардум ҳал мегардад.

Имрӯз гурӯҳҳое ҳастанд, ки дар байни мардум фитна андохта, назари аҳолиро нисбати ҳокимият дигаргун карданианд.

Мо аз хотир набарорем, ки пешрафту ободии кишвар танҳо дар ҳолати оромӣ, ягонагии ҷомеа, ваҳдати саросарӣ ва ҳифзи якпорчагии он имконпазир аст. Ҳамагон хуб медонем, ки сол аз сол шароити иҷтимоии мардум беҳтар шуда истодааст. Корҳои ободониву созандагӣ босуръат идома дорад. Боварии комил дорем, ки  дар ҳолати тинҷиву оромӣ ва ягонагии ҷомеа дар арафаи 30-солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва шароити сокинони ҷумҳурӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Вазифаи муҳими мо шаҳрвандон ба дасисаву фитнаҳои бегонагон дода нашудан ва пайваста саҳм гузоштан дар ободиву созандагии кишвар мебошад. Зиндагии моро ба ҷуз худи мо касе беҳтар намекунад.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
дотсенти кафедраи сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh