Ҷавононро дар рӯҳи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем

Экстремизми динӣ яке аз падидаи манфии иҷтимоиест, ки ба шууру рӯҳияи ҷомеа, ахлоқ, идеология, муносибатҳои байни қавму табақаҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва хати равобити байни давлатҳо таъсири бад мерасонад.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ экстремизм ин ҷонибдорӣ аз ақида, мавқеъ ва тадбирҳои ифротӣ  дар фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад. Барои муборизаи муваффақона  алайҳи экстремизми динӣ ва терроризм пешгирии саривақтии онҳо, моҳияти ҷиноятии ин зуҳуротро дуруст бояд дарк кард.

Муборизаи беамон бо ин зуҳурот хусусан дар шароити кунунӣ, ки ин навъи фаъолият тобиши сиёсӣ гирифтааст, ҳаётан муҳим ба назар мерасад.

Гурӯҳҳои экстремистӣ, яъне динӣ пеш аз ҳама, ҷавононро гирифтори доми ақоиди ифротии худ мекунанд. Аз ин нуқтаи назар мо - устодони муассисаҳои таълимӣ, бахусус мактабҳои миёнаи махсус ва олиро лозим аст, барои боз ҳам самараноктар ба роҳ мондани муқовимат алайҳи экстремизми динӣ аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро дар рӯҳияи хайрхоҳию таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осмони беғубори кишвари маҳбубамон тарбия намоем. Бояд ба толибилмон фаҳмонем, ки сулҳу оромиш, фазои беғубори Тоҷикистони азиз барои  мо хеле муҳим аст.

Ин неъмати бебаҳоро гиромӣ доштан вазифаи муҳими ҳар шаҳрванди кишвар ба шумор меравад.

Ҷомеаи устодон ва донишҷӯён аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ намуда, барои гул-гулшукуфии Ватани худ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Лола БОБОЕВА,
 устоди Коллеҷи омӯзгории
 шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh