ТО КУҶО ҲАҚИҚАТИ НАҲЗАТИЁН РОСТ АСТ!

Сомонаи ифротии наҳзатиён, ки  isloh.net, ном дорад, бар пояи манобеи сохтааш рӯи рост дуруғ менависад, ки “Авфи Мирзохуҷа Исмоилов зери суол рафтааст”.

Ин сомонаи расмии тарғибкунандаи фикрҳои ботил ва ифротии гуруҳи иртиҷоии наҳзатиёни хоин даъво дорад, ки аъзои собиқи ТТЭ ҲНИ, ки аз кардааш пушаймон шудаву охирҳои моҳи сентябр ба ватан баргаштааст, мавриди авф қарор нагирифтааст. Сомонаи ифротӣ менависад, ки “Мирзохӯҷа Исмоилов тавассути Қирғизистон бо роҳи заминӣ ба зодгоҳаш бармегардад, аммо ҳамагӣ тули чанд соат ҳамроҳи пайвандонаш будаасту халос. Баъди чанд вақт дар хонаи волидайн буданаш ба мақомоти амниятии ноҳияи Мастчоҳ ӯро даъват намуда, аз онҷо ба шуъбаи вилоятии КДАМ дар вилояти Суғд интиқол медиҳанд. То санаи 5- октябр ӯро дар боздоштгоҳи шуъбаи амнияти вилоят ҳабс намуда, барояш фишор меоранд, то иқрор шавад, ки вақти дар Олмон буданаш дар нишасти САҲА, соли 2016 бо ҳамроҳии мухолифон ширкат кардааст.”

Муассиси сомона, Муҳаммадиқболи Садриддин аз забони манобеи сохтаааш дуруғ гуфта, ба ин восита мехоҳад ашхосе, ки аз кардаҳояшон пушаймон шуда, нияти баргаштан ба ватанро доранд, дилсард созад. Ҳол он ки ба ҳар касе аз гуруҳҳои ифротӣ ва собиқ аъзоёни ТТЭ ҲНИ агар сидқан аз кардаҳояшон пушаймон шуда ба таври ихтиёрӣ баргарданд ва таслим шаванд мавриди авф қарор хоҳанд гирифт. Ҳамаи мо худ шоҳиди он ҳастем, ки чанд тан аз аъзоёни собиқи ТТЭ ҲНИ аз ҷумла Айёмиддин Сатторов, Саидиброҳими Назар ва дигарон аз кардаҳои худ пушаймон шуда ба ватан баргаштанд ва тавассути оинаи нилгун ба дигар аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ паём доданд, ки ҳануз ҳам фурсат барои таслим шудан ҳаст бояд ҳуб андеша намуда, ба ватан баргарданд ва аз ин роҳи бади наҳзатиён, ки ба ҷаҳаннам мебарад, даст бардоранд.

Ҳоло Айёмиддин Сатторов дар ҳалқаи наберагона аз боду ҳавои тозаи ватан нафас кашидаву хуш хурсандона зиндагӣ дорад.

Аммо сомонаи ифротии isloh.net бо ин паёми бардуруғаш чиро “ошкор” кардан мехоҳад? Ин гузориши сар то ба по дуруғи “ислоҳотгарон” танҳо ҳаминро метавонад бозгӯ кунад, ки дар доираи ин гуруҳҳо ашхоси пушамон шуда рӯз аз рӯз аз кирдори онҳо огоҳ шуда, хоҳиши баргаштан ба ватанро доранд. Аммо ин ташкилотҳои террористиву экстремистӣ наҳзату Гуруҳи-24 намехоҳанд сафи аъзояшон холӣ шавад. Бинобар ҳамин бо ин гуна дуруғҳо ва суханҳои бепояву дур аз мантиқ мехоҳанд ба қавле “дили аъзоёни пушаймоншудагонашонро” пур кунанд, ки “ана бинед ба онҳое ки авф ваъда шуд, дар чӣ ҳоланд?”.

Ҳол он ки онҳое пушаймон шудаву мавриди авф қарор гирифтаанд ба зиндагии шоиста ва орому осуда дар ҳалқаи пайвандонашон зиндагӣ карда истодаанд. Ба гумроҳони наҳзатӣ хитоб карда гуфтанием, ки ҳанӯз ҳам фурсати баргаштан ба Ватан ҳаст. Бо дасти дили пок ба Тоҷикистон баргарданд.  Баргердед ба ватан, ҳанӯз фурсат ҳаст!!!

Ахмедов Н.И. – н.и.ҳ., дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва
назорати прокурории ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh