Тадбирҳои амалӣ – омили пешгирии падидаҳои номатлуб
- Details
- Published on Wednesday, 21 February 2024 09:08
Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо қатъиян рад мекунад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеа ба миён меояд, сиёсӣ ва ҳамоне, ки дар соҳаи дин ба миён меояд, ифротгароии динӣ ном дорад.
Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои наҷодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.
Имрӯз густариши бесобиқаи падидаҳои экстремизм ва терроризм ҳамчун хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ аз мо шадидан тақозо менамояд, ки баҳри пешгирии паҳншавии он тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шавад.
Дастгирии соҳибкории ҷавонон, бунёди ҷойҳои нави корӣ барои онҳо омили муҳимтарини пешгирӣ ва коҳиши иштироки шаҳрвандони ҷумҳурии мо, аз ҷумла ҷавонон, дар муқвиматҳои мусаллаҳона, паст кардани шиддати ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии мо хоҳад буд.
Мақсуда БОБОЕВА,
мудири маркази бақайдгирии
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент