Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм

Терроризму экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯза  буда, он сарчашмаи  нафрату ҷудоиафканӣ, қатлу куштор, тарсу ҳарос  ва даҳшату ваҳшат мебошад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани мазмун ва муҳтавои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризму экстремизм барои солҳои 2016 – 2020  мо - ҷавононро водор месозад, ки вабои асри ХХ1 терроризму экстремизмро ҳамчун падидаи номатлуб маҳкум намоем.

Имрӯз қисми асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа  равона гардида буд, зеро ҷавонон дар устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд.

Бо такя ба дастгирию ҳидоятҳои сулҳдӯстонаи давлатамон ҷавонони кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тамоми қувваи худро баҳри азхуд намудани дониш ва ба кори ободии диёр, амну осудагии диёри маҳбубамон сафарбар намоянду соҳиби касбу ихтисосҳои замонавӣ гашта, ояндаи дурахшони Тоҷикистонро муайян созанд.

Равнақи корҳои созандагӣ дар кишвар мо - ҷавононро барои масъулиятшинос будан, барои ободии диёр саҳми худро гузоштан водор месозад, ки дар байни дигар давлатҳои мутараққии ҷаҳон парчами давлатамонро чи дар ҷодаи илму дониш ва варзишу фарҳанг баланд бардошта, ифтихор аз он кунем, ки мо миллати куҳантаърихи тоҷик ҳастем ва дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ дорем.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи ҷавонони Авангарди РВКД дар вилояти Суғд якҷоя бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят вохӯрӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз шуд. Вохӯрии аввалин санаи дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2  дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани савияи дониши сиёсии хонандагон ва малакаи кориву сатҳи донишандӯзи онҳо мебошад.

Имрӯз саҳми ҷавонон дар инкишофи илму фарҳанги кишвар бағоят калон аст ва барои пешрафти он ҳамаҷониба иштирок мекунанд. Имрӯз дар тамоми донишгоҳҳои олии кишвар зиёда аз 137 ҳазор нафар аз рӯйи даҳҳо тахассусҳои зарурӣ таҳсил карда, барои баланд бардоштани парчами миллат кӯшида, барои ояндаи Тоҷикистони азизамон ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Гарчанде, ки дар даврони  соҳибистиқлоли дар кишвари азизамон дар бунёдкориҳо, ободу зебогардонии диёр ҳисаи ҷавонон калон бошад ҳам,  мутаассифона, ҳастанд ҷавононе, ки шукронаи ин давлати соҳибистиқлол, ватани ободу осуда ва аз ҳамааш муҳим фикри ояндаи хеш, модарону хоҳарон, кӯдакону пайвандон накарда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифродгаро шомил шуда, барои халалдор сохтани амнияту суботи ватани худ мекӯшанд. Ин гуна шахсон фирефтаи инсонҳои “Аҳриман” сиришт мешаванд. Сабаби шомилшавии баъзе ҷавонон ин надоштани саводи казоии динию дунявӣ буда, моҳияти ҳаракатҳои худро дуруст дарк карда натавониста наздикони худро ба азоби сахти ҷаҳаннам ва нафрату ғазаби халқ гирифтор месозанд.

Ин ашхоси фирефта ва гумроҳгашта даст ба амале мезананд, ки сабаби марги мукаррамтарин мавҷудоти рӯйи олам – инсон мегардад, таркишу харобиҳо ва тарсу ҳаросро дар миёни аҳоли ҷомеа ба вуҷуд оварда, ҳамчун вабои асри ХХ1 амнияти ҷаҳонро  халалдор месозад.

Мутаассифона, дар байни инҳо ҷавонони гумроҳгаштаи  тоҷики мо низ ҳастанд, ки дар ин ҷангҳои бемаънӣ  иштирок карда, ба ғайр аз худ зану фарзандонро бурда ба доми бало гирифтор шуданду ҷони ширини худро қурбон карданд.

Аз ин рӯ танҳо мо - ҷавонони  соҳибилму соҳибмаърифат  ғояҳои пешбарандаи ҷомеаро кору пайкори худ қарор дода,  дастовардҳои замони  соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанги  миллии худро  ҳифз намуда,  сиёсати пешгирифтаи кишварро сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳем.

 Ҷаҳонгир Махкамов,
котиби хадамоти матбуоти гурӯҳи ҷавонони
Авангарди РВКД дар вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh