Ифротгароӣ – маризии ҷомеаи муосир

Тамоми сокинони кишвар медонанд, ки он ҳама нобасомониҳо, ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат аввали солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо дасисабозиҳои ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифт.

Дар натиҷаи ин ҷанги бемаънӣ ҳазорҳо нафар шаҳрвандони диёрамон қурбон гаштанд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ба намояндагони мухолифин дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мамлакат, аз ҷумла муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, намояндаи парлумон ва дигар вазифаҳо барои фаъолият шароит муҳайё карда шуд. Вале дар мансабҳои баланд кор карда, ягон нафари онон ба манфиату пешрафти Ватани худ хизмате анҷом надодаанд.

Имрӯз бошад, ин ашхос дар паси хоҷагони хориҷии хеш паноҳ бурда, аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ба доғдоркунии номи сарзамини худ машғуланд. Аммо имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони азизи моро ҳамчун кишвари сулҳофар шинохта, эътироф кардааст ва буҳтону сангандозиҳои ин зумра эътибори мамлакати моро ҳаргиз паст нахоҳад кард. Тақозои ҳаёт худ собит намуд, ки наҳзатиён, ононе, ки бо Ватани худ, бо зодбуми хеш имрӯз мухолифат карда, хиёнаткори Ватан гаштаанд, дар дохили хеш низ иттифоқ нестанд, ихтилофҳо доранд. Инро суханрониҳои аъзои ин ҳизб, ки имрӯз аз кирдорҳои хеш пушаймон гаштаанд, баръало собит месозад.

Ташвишовар он аст, ки ин нохалафон аз беруни кишвар истода, ҷавонони ноогоҳи моро бо ҳар восита фирефта, ба роҳи ифротгароӣ, ки охираш торику зулмот аст, мекашанд. Ин вазъ ҳар соҳибватан, бахусус мо, омӯзгоронро тақозо мекунад, ки баҳри тақдири наврасону ҷавонон, ки ояндасози ин миллати куҳанбунёди моанд, бетарафу бепарво набошем. Хоҳ давоми машғулиятҳо, хоҳ берун аз дарс пайваста ба онон эҳсоси ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиамонро талқин намоем, ононро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоятгар шавем, то ки пас аз гузашти чандин солҳо ин насл аз мо ризоманд бошанд.

Мадина МУҲАММАДҶОНОВА,
омӯзгори фанни физикаи литсейи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh