ҶОМАИ НАҲЗАТ ГАҲЕ ИРОНИВУ ГАҲЕИ ДИГАР ...

 

 

 

Баъди шунидани далелҳои раднопазир дар бораи хиёнату  мазҳабфурӯшӣ, ноҷавонмардии наҳзатиён, чи навъе дар  урфият мегӯянд, ба “ҷомаи роҳбарони фирории ТТЭ ҲНИ кайк даромада”, ба иззтироб афтода, тавассути воситаҳои ахбори аврупоию шарқӣ, маъракаи сафедкунии фаъолияти худ, ба мазҳаби ҳанафия содиқ буданашонро исбот карданӣ шуданд, ҳол он, ки санадҳои таърихӣ, худи фаъолияти ин ҳизб аз таъсисёбӣ то имрӯз нишон медиҳад, ки аксарияти роҳбарони ҳизби наҳзат аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ муридони роҳбари Инқилоби Исломии Эрон Оятулло Ҳумайнӣ буданд, ҳамеша дар фаъолияти харобиоварӣ бо нишондод ва маслиҳати онҳо амал мекарданд.

Насли калонсоли тоҷик хуб дар ёд дорад, ки наҳзатиён дар майдону маҳалҳо роҳбари инқилоби исломии Эрон Оятулло Ҳумайниро «Хазрати Имом» номида, пайравӣ намудан ба ғояҳои ӯро воҷиб мешумориданд. Бесабаб наест, ки имрӯзҳо ҳам роҳбарони баландпояи Чумҳурии Исломии Эрон, қатъи назар аз он, ки  ТТЭ ҲНИ дар Чумҳурии Тоҷикистон ҳизби террористиву экстремистӣ эълон гардида фаъолияташ манъ карда шудааст, ба ҳузур мепазиранд аз ҷиҳати моливу сиёсӣ дастгирӣ меёбанд.

Агар мабодо далелҳои овардаи сохторҳои расмии давлатӣ шубҳаангез бошад, пас  ба далел ва изҳоротҳои собиқ наҳзатиён ва онҳое, ки имрӯз ба маҳкама кашида шуда, аз  кардаашон пушаймон шуда, ихтиёран дар бораи фаъолияти хиёнаткоронаи худашон ва хоҷагонашон маълумот медиҳанд бовар кунем ё не!?  Масалан, маълумоте, ки дар рафти пахши филми мустанад, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ном «генерали мардумӣ», дар майдони «Шаҳидон» ҳамчун сухангӯи майдон баромад мекар ва домулло Айёмиддин дар филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам” аз вазъи имрӯзаи муносибати дӯстона ва некӣ роҳбарияти олии Эрон бо ТТЭ ҲНИ-ро баён намуданд.

Эшони Қиёмиддин дар ҳолате дастгир шуд, ки аз Эрон ба самти Русия сафар мекард ва ҷайби ӯ ҳазор-ҳазор маблағҳои хоҷагони хориҷиён буд ва худаш ҳам иқрор гардидааст, ки аз ҳузури хоҷаи худ меомад. Мулло Айёмиддин бошад, чанд муддат дар урдугоҳҳои ҳарбии Эрон ҷавонини тоҷикро машқҳои ҳарбӣ омӯзонидааст. Ин ҳама фактҳои раднопазир гувоҳӣ аз он медиҳад, ки наҳзатиён пинҳонӣ ва ё ошкоро ба мазҳаби бегона пайравӣ кардаанд ва то ҳол мекунанд.

Ба ҳамин маънӣ шоире фармудааст:

Некномиро гар бихоҳӣ доимо якранг бош!,

Колин аз сад ранг будан зери по афтодаас.

Муртазоев С. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh