Бо зуҳуроти номатлуб муборизаи дастаҷамъона мебояд

Имрӯз инсоният рӯ ба рӯи як қатор муаммоҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ифротгароӣ яке аз номатлуб ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии ифротгароён таъсир расонидан ба эҳсосоти одамон ва нооромиро ба вуҷуд овардан аст.

Ифротгароён ба одамон авомфиребона иҷрои норасоиҳои ҳаёт ва мушкилоташонро дар таъминоти иҷтимоӣ ваъда медиҳанд ва қисми зудбовари аҳолиро ба доми худ медароранд. Онҳо нақшаҳои разилонаи худро ба воситаи ин гуна мардумон амалӣ менамоянд. Дар сиёсати ҷаҳонӣ ифротгароӣ мақоми махсусе пайдо намуда, он ба шакли мудҳиши зӯроварӣ табдил ёфтааст.  Аз ин рӯ, одамони бегуноҳи бисёре қурбони амалҳои ифротгароӣ мегарданд. Аҳли ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки бо тамоми шаклҳои зуҳуроти ифротгароӣ мубориза баранд. Барои рафъи ин падидаҳои номатлуб муборизаи беамон бурдан вазифаи натанҳо давлат ва ҳокимият, балки шаҳрвандон низ аст.

Дарк намудани ҳисси муҳаббат ба халқу Ватани маҳбуб, дифои ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватан, таҳкими сулҳу субот ва ягонагиву ваҳдати миллӣ аз омилҳоеанд, ки насли наврас ва навҷавонони кишварро ба ҷониби ахлоқи ҳамидаву бунёдкориву созандагӣ раҳнамун месозанд.

Ҳамчунин, ташкили дарсҳои беруназсинфӣ, таҳлили шеър ва эҷодиёти шоирони классикии форсу тоҷик байни наврасон ва ҷавонон бояд васеъ ба роҳ монда шавад.  Эҷодиёти ин бузургони илму адаб наврасон ва ҷавонони моро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намуда, дониши сиёсии ононро такмил медиҳад. Ин як воситае мешавад, ки наврасон ва ҷавонони имрӯзаи ба роҳҳои хато нарафта, баҳри пойдории сулҳу субот ва ободии  кишвар саҳми амалии худро гузоранд.

Моҳинисо САИДОВА,
омӯзори Коллеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh