ТЕРРОРИЗМ ОМИЛИ АСОСИИ ҶАНГУ ҶИДОЛ

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Терроризм ин вабои асри XXI мебошад. Терроризм ба амнияти ҷомеа, ба рушди муносибатҳои дўстона байни давлатҳои ҷаҳон таҳдид мекунад.

Мувофиқи омори СММ (соли 2017), дар дунё зиёда аз 150 гурўҳҳои террористӣ вуҷуд дорад, ки калонтарини онҳо ДИИШ, “Ал-қоида”, “Толибон”, Бародарони мусалмон ва амсоли онҳо ба ҳисоб меравад. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба номи “Давлати исломӣ”, ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад.

Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ба ин масъала таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоем.

Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ – мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ , кинатузӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии  «пирон»  ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ дар  гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавмӣ, гурӯҳӣ, динӣ-мазҳабӣ қаламравии ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсони симоҳои «авлиёгунӣ»-и ҳизбӣ рӯйи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омода буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд.

Ҳарчанд дар ин ҳодиса Назарзода ба сазои аъмолаш расид ва бархе аз сарону созмондиҳандагони ин ҳодиса ҳамчун муҷрим бо маҳкама кашида шуданд, вале созмондиҳандаи асосии ин ҳодисаи нангин Кабирӣ, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Аврупо умр ба сар мебарад.

Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан ёрӣ нишон диҳад. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст , дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.

Хӯҷаназарова М.И.
дотсенти ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh