Дасисабозии «коршиносон»

Ташкил шудани эътилофи Паймони миллӣ аз ҷониби созмонҳо ва ҳизби мухолифи Тоҷикистон дар нишасти Варшава ҳар нафари дӯстдори Ватанро ба хулоса меорад, ки мушкилоти ҳамдигарфаҳмии тоҷикон дар арсаи байналмилал аз ҳарвақта бештар мегардад.

Ба назари мо, ташкили чунин паймоне, ки мушкил ва муамморо на дар иҳотаи худии бародарӣ, балки дар арсаи байналмилал ҳаллу фасл карданист, баҳри манфиатҳои миллии кишвари мо нест ва нахоҳад буд. Дастандаркорони чунин «паймон», ҳатто, он мухолифони давлатеро, ки алҳол ба сафи чунин ниҳод напайвастаанд, интиқод мекунад (масалан, напайвастани Гурӯҳи 24 ба ин паймонро). Ин маънои онро дорад, ки дар байни мухолифони давлат низ ихтилоф мавҷуд аст.

Аз ин нуқтаи назар таъсиси ин эътилоф ва ормонҳои созмондиҳандагон қобили маҳкум кардан аст.

Аркадий Дубнов, ки худро коршиноси масоили осоиштагии Тоҷикистон ба шумор меоварад, таъсиси Паймони миллиро гоми хубе барои ташкили як созмони мӯътабар мешуморад, ки пуштибони ашадии мухолифони тоҷик будани ӯро собит мекунад.

Мо бовар дорем, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон гуфтушуниди воқеӣ бо ҳукумат пеши ҳама гуна андешаҳои носолимро хоҳад гирифт. Роҳи Тоҷикистон бояд роҳи сулҳу субот бошад ва ягон «паймони» хушунатбор пеши роҳи онро гирифта наметавонад.

Субҳони АЪЗАМЗОД,
Боҳир РАҶАБОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh