Маҳаки ростини садоқат чиро бозгӯй аст?

Ҳанӯз дуди ҳасрати ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пароканда нашуда, сар боло кардани тарафдорони ҳизби террористии наҳзати исломӣ оташи андакро ба хотир меорад. Вокуниш надодан ба ин дасисаҳои сиёсӣ як навъ бетарафӣ мебошад. Аз ин хотир, ба даст гирифтани ҷилави ҳушёрии сиёсӣ рисолати ҳар як зиёии мамлакат аст.

Тибқи қонунгузориҳои мавҷуда, ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ имконият надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд. Шаҳрвандон дар интихоби дин озоданд, аммо то кадом андоза аз ин озодӣ истифода мекунанд, бешак, ба сатҳи фарҳанги сиёсии онҳо вобастагӣ дорад.

Барои мо такмили фарҳанги сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон басо муҳим аст. Бояд ба мардум ёрӣ расонид, то арзиши ҳуқуқи инсон, фарҳанги ҳуқуқ ва таҳаммулро бубинанд, бо ин роҳ мақоми иҷтимоии худро бифаҳманд, муноқиша ва низоъҳоро тавассути роҳҳои ҳуқуқӣ ва ба таври осоишта ҳал карда тавонанд.

Ҳамаи ин мардумро бар зидди ифротгароӣ хуб тайёр мекунад. Аз ин хотир, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ эътибори хоса дода мешавад. Чунки тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Эътимод ба Ватан бояд тарбия дода шавад. Даргириҳои сиёсии кишвар дар солҳои 90 - уми асри гузашта бори дигар аҳамияти эътимод ба Ватанро собит сохтанд.

Маҳз пойдории ваҳдат ба халқи мо бахту саодат овард, мамлакатро тинҷу осуда, мардумро хурраму хушрӯзгор сохт. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд. Дар Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон бобати зоҳир кардани таваҷҷуҳ ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ва пешгирии ҳуҷумҳои иттилоотии ТТЭ ҲНИ ва дигар ташкилотҳои манъшуда дар давоми соли хониш аз ҷониби гурӯҳи иттилоотӣ ва омӯзгорону кормандон тавассути шабакаи интернет пайваста мақолаю вокуниш ва изҳорот паҳн гардид.

Баҳри ҷоннок гардонидани фаъолияти донишҷӯён дар корҳои таблиғотӣ, ташаккули маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо аз ҳисоби донишҷӯёни боистеъдод низ гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шуданд. Инчунин, тибқи нақша якчанд маротиба вохӯрии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд. Бо мақсади пешгирии омилҳои бегонагароӣ ва хурофотпарастӣ байни донишҷӯён шуъбаи тарбияи донишкада мунтазам чорабиниҳои маърифатию зеҳнӣ, фарҳангию фароғатиро таҳти унвони «Мероси ниёгонро ҳифз менамоем» роҳандозӣ намудааст.

Ҳамзамон, оид ба пешгирии ғояҳои ифротӣ, ҳифзи арзиши миллӣ ва бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» намоиши «Ҳунарҳои халқиро эҳё менамоем!» доим амал мекунад. Дар остонаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон моро зарур аст, ки фирефтаи дасисаҳои сиёсӣ нашуда, баҳри ободии Ватани азизи худ саъйу кӯшиш намоем. Ба шарофати илму амали созандаи худ дар пойдории истиқлолияти кишвар хиште гузорем.

Мухтор ФОЗИЛЗОДА,
ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон
дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh