Бори каҷи наҳзат ба манзил намерасад

(Изҳорот перомуни суханрониҳои мухолифини тоҷик

дар ҳамоиши Варшава)

Вақтҳои охир сару садоҳои роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ нисбати бадном кардани номи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ зиёд ба гӯш мерасад. Вақте нафаре берун аз кишвар номи ин сарзаминро паст мезанад, ин қадрношинос будани ӯро нисбат ба арзишҳои миллӣ ва давлатӣ нишон медиҳад.

Тоҷикистон як маротиба меваи талхи ҷанги шаҳрвандиро чашид ва дар натиҷа талафоти бузурги моливу ҷонӣ дод. Намояндагон ва хосатан роҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ ин хатои худро фаҳмиданд ва баъдан “қавл” дода буданд, ки ба чунин амалҳои нангин даст намезананд.

Аммо имрӯз боз мебинем, ки Муҳиддин Кабирӣ ва дигар шогирдони ӯ, махсусан Илҳом Ёқубов, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ дар Аврупо истода, миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро бадном мекунанд. Чунин рафтори намояндагони ҳизби наҳзат дар шароити имрӯза бар зидди манфиатҳои кишвар буда, нишони ноҷавонмардӣ ва беэҳтиромӣ нисбати мардум аст.

Агар онҳо дар ҳақиқат мақсади ободиву пешравиро хоҳанд, марҳамат ба Тоҷикистон омада, ватандӯстии худро бо кору пайкорашон нишон диҳанд. Хушбахтона, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз шахсонеро, ки ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ шомил буданду баъди пушаймон шудан аз кирдорҳои содиркарда ба Ватан баргашта истодаанд, гуноҳи онҳоро авф менамояд. Ин ҳам як имконият ва шонс барои онҳое, ки мақсади ба Ватан хизмат кардан доранд.

Шӯҳрат Саидзода,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh