Масхарабозии наҳзатиён дар «сирк» -и Варшава

Тавре аз расонаҳо огоҳ шудем чор созмони ба қавле “оппозитсионӣ” – ҳизби террористии наҳзати исломӣ ва се ташкилоте, ки худи наҳзатиёни хоин бо номҳои назарфиреб ба таври сунъӣ сохтаанд, яъне «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд», «Анҷумани озодандешони тоҷик» ва «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ» дар Варшава ба таври масхараомез байни худ “созишнома” имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд.

Воқеан хандаовар ва шармовар аст ин паймонро “миллӣ” унвон кардан, зеро наҳзатиёни хиёнатпеша, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонд, радди маърака шуданд ва ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон барои ҷомеаи солим нодаркор гаштанд, худашонро аввал пора-пора карда, баъд боз байни пораҳои худ “паймон” бастанд. Аҷаб мантиқе! Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки гӯиё чор гурӯҳи алоҳидаи “мухолифин”-ро намояндагӣ карданд, ҳамагӣ узви мафияи террористии наҳзат ҳастанд. Ба ин берӯгиву рӯсиёҳӣ, ки бе ягон зарра хиҷолат ҳар чори ин нафар саҳнаи имзои созишномаро бозӣ мекунанд, ангушти ҳайрат газидан мумкин. Ин намоиши тақаллубӣ нишон дод, ки ҳизби наҳзатро, ҳатто, ҳизб ҳам гуфтан мумкин нест, ҳарчанд ҳизби террористӣ бошад ҳам. Онҳо гурӯҳе иборат аз чор қаллоби мардумфиреб ҳастанд.

Дар ин росто фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз ин қаллобон барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лӯхтаки дасти бегонагон гаштаанд ва реҷисёри ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон аст.

Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

 Агар ба таърихчаи сиёҳи наҳзатиён назар кунем, фаъолияташон нахуст ҳамчун “мусичаи бегуноҳ” аз мағзшӯии ҷавонон оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва террори мардуми бегуноҳ анҷомид. Инак, пас аз муддате дар пушти пардаҳо машқи террор кардан, боз ба саҳнаи ҳангомаҳо ворид гардид. Хусусан, пас аз таъсисёбии ДИИШ сиёсати террористии наҳзатиён боз ҳам фаъол гардид. Наҳзатиён аз ғалабаҳои муваққатии гурӯҳи террористии “Ихвонулмуслимин” дар Миср ва ДИИШ дар Ироқу Сурия рӯҳбаланд гардида, дар Тоҷикистон амалиётҳои нопоки худро боз ҳам фаъолтар намуд. Дар баробари як қатор ҳодисаву воқеаҳо, аз ҷумла кӯшиши табадулоти ҳарбӣ, ба наздикӣ воқеаҳои нангини куштори сайёҳони хориҷӣ, ки наҳзатиён содир намуданд, боиси тааҷҷуби мардуми кишвар гардид. Дар куҷо дидаед, ки тоҷик меҳмони худро бикушад. Наҳзатиён бо ин амали нангинашон дигарбора собит кардаанд, ки заррае аз ҳуввияту асолати милливу имонӣ дар вуҷудашон нест.

С.Муртазоев,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh