Фитна, тафриқа, иғво!!!

Таъсиси созмоне чун “Паймони миллат” аз ҷониби иттилофи душманони миллат, созмонҳои ғайриқонунӣ ва худэътироф ҲНИ, “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони тоҷик” ва “Ассосисатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” имрӯзҳо дар пояи баргузории ҷаласаи солонаи ҳуқуқи башари САҲА фитна ва иғвою тафриқаи навбатӣ буда, мехоҳанд миёни ҷомеа шиддатгириҳои иҷтимоиро ба миён оранд.

Ин амали беҳуда!

Бароҳмонии фаъолияти экстремистӣ ва ҷалби размандагони Давлати Исломӣ ва Толибон барои нооромсозии вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон бо қасди “то вақте ки аъзои ҲНИ дар маҳбас қарор доранд, халқи Тоҷикистон осудагиро намебинад” аз ҷониби Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати ислом ва хоса роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ рӯз аз рӯз шиддат гирифта истода, боиси гумроҳии муҳоҷирини тоҷик дар хориҷи кишвар шуда истодааст.

Барои пиёдасозии ғаразҳои ҳизбиву гурӯҳӣ ва сиёсати тасарруфгари аҳли ташаййеъ – хоҷагони эронии худ кӯшиш доранд, ки чанде аз ташкилотҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи башар ба монанди САҲА-ро бар зидди Тоҷикистон бархезонанд.

Беномусӣ!

Аз ин кирдору рафтор ва хиёнати ин тоифа мардуми шарифи Тоҷикистон хуб огоҳ буда, мо низ дигар хоҳиши муроҷиат ба ин манқуртонро надорем.

Моро Ҳушёрӣ мебояд:

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз яке аз давлатҳои истихроҷкунандаи бузурги нерӯи барқ, сароби ҳавзаи Осиёи Миёна, дарвозаи сарҳад ва амнияти Аврупо дар ҳамсоягӣ бо Афгонистон маҳсуб ёфта, дар меҳвари назари абарқудратон ва корпоратсияҳои фаромиллӣ қарор гирифтааст. Бинобар ин барои соҳибӣ кардан ба ин мақом ва боигарӣ онҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки бо сенарияҳои коркардшуда ва санҷидашудаи худ (дар мисоли Ироқ, Ливия, Сурия) ҷомеаи босубот ва ягонаи моро тасхир намоянд.

Аммо мардуми шарафманди тоҷик намегузорад, ки ҳадафҳои ин муғризон амалӣ гардад.

Тоҷикистон дар қиёс бо ин давлатҳои ҷангзада ва ҳатто абарқудратон дорои чунон яроқе мебошад, ки ҳамлаи ягон давлат, ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва яроқи ядроӣ дигар ба мо таҳдид карда наметавонад  - Ин Иттифоқ ва Ваҳдати миллат, Ягонагии  халқ аст!!!

Киромиддин Мухторов,
 Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh