НОУҲДАБАРОИИ КАБИРӢ ВА АКТЁРОНИ Ӯ

Новобаста ба  он ки қабл аз баргузории машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони  САҲА ҷомеаҳои мухталиф, расонаҳои хабарӣ, афроди алоҳида аз мақомоти роҳбарии САҲА даъват ба амал оварданд, ки иштироки намояндагони ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИ ба нишасти мазкур шаффофияти фаъолияти онро зери суол мебарад, ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ натанҳо аз даъвати ҳайати ТТЭ ҲНИ сарфи назар накард, ҳатто баргузории машварати мазкур нишон дод, ки САҲА ба ҳадде ба Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ иҷозат дод, ки онҳо худро мизбон эълон намуда, он гунае рафтор намонд, ки гӯё машваратро ТТЭ ҲНИ ва ёварони он баргузор намуда бошанд. 

Фаъолияти ғайриқонунии ТТЭ ҲНИ-ро теъдоди муайяни кишварҳои аъзои САҲА  низ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ будани онро ҷонибдорӣ намуданд. Натиҷаи ҳамин дидгоҳҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳатто созмонҳои бонуфузу пешқадам буд, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, шахсиятҳои барҷаста қабл аз баргузории ин машварат ба САҲА дар мавриди даъват накардани намояндагони ин ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ тавассути расонаҳои хабарӣ дархост намуданд. Вале баргузории ин машварат имрӯз дар идомаи суолҳои қаблӣ, ки чаро батадриҷ фаъолияти намояндагии САҲА дар кишварҳои Россия, Беларус, Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ қатъ мешавад ва боварии кишварҳо ва мардумони манотиқи мухталиф ба ин созмони ҷаҳонӣ коҳиш пайдо мекунанд, суоли дигареро ба вуҷуд овард. Бо кадом асос САҲА  ба ин ташкилоти фаъолияташ расман манмуъ ва экстремистиву террористӣ эълоншуда тамоми имкониятҳоро фароҳам овард, то дар доираи баргузории ин машвар ҳар коре бихоҳанд бикунанд ва ҳар чӣ бихоҳанд анҷом диҳанд? Аз ҷараёни баргузории машварат маълум буд, ки ҳар вақте мехоҳанд ҳарф мезананд ва озодона дар толор машғули рафтору гуфтор ҳастанд. Ҳатто Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба худ иҷозат доданд, ки аз ин имконоти пешниҳоднамудаи САҲА сӯистифода карда, хештанро мизбони ин ҳамоиш унвон кунанд. Дар канори ин,  баъди анҷоми нишастҳо ҳатто аз доираи ваколатҳои хеш, агар гирем, ки ҳамчун иштирокчӣ даъват шуда бошанд, берун рафта, ҳар чӣ амале бихоҳанд, анҷом медоданд, гӯё барои онҳо иҷозат шуда бошад. Магар, чунин амалкарди аъзои ТТЭ ҲНИ шаффофияти муносибатҳои баргузоркунандагони ҳамоиш, хоса САҲА-ро зери суол намебарад?

Ба фикри мо аслан демократия ҳам меъёр, ҳадду ҳудуд ва албатта, як фарҳанги хосаи муоширату муомилот дорад. Аммо аз оғоз маълум буд, ки гӯё ТТЭ ҲНИ аз ин минбару майдон барои манзури бозиҳо ва найрангҳои навбатии хеш истифода бурданист. Намояндаи ТТЭ ҲНИ дар ҳар вақте хоҳад ҳарф мезанад, маҷбуран ба дасти аъзои гуруҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон варақаву шиорҳояшонро  дода мехоҳад сурат гирифта, бо манзури он тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё расонаҳои хабарии хеш  тавтеа ё ҳангомаи навбатиеро барпо намуда, бо ин роҳ нисбат ба Ватану миллат ва давлати хешро бадгӯӣ намояд. Мантиқ куҷост, вақте нафаре, ки аллакай аз кардаи худ пушаймон шудаву ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хиёнатҳои ТТЭ ҲНИ-ро фош намуд, ба дасти ӯ маҷбуран варақа медиҳанду ба таври сохта дар пеши чашми ҳама кас мехоҳанд акс бигиранду баъдан ҳар чӣ худ бихоҳанд бигӯянду он рафтори сохтаи худро ба ҳар сурате бихоҳанд тавзеҳ диҳанд. Аз ин рӯ, аъзои ташкилоти ТТЭ ҲНИ ва ҷонибдорони он ба таври махсус чунин заминаҳоро барои сар задани муноқишаҳо фароҳам оварданд, то бар ин асос ин бор низ худро “аз об хушк берун оварда”, боз ҳам гуноҳро ба дӯши давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бор намоянд. Ба ибораи дигар, ин намоишномае буд, ки моҳҳо пеш барномаву лоиҳаи он тарҳрезӣ шуда, махсус хостори он буданд, ки бар ҳар баҳонае ба эҳсоси дигарон нохун зада, муноқишае эҷод намоянд. Лекин ин бор низ тирашон хок хӯрд ва тавассути расонаҳо ҳамагон ин намоишномаи чандин моҳҳо тарҳрезишударо тамошо ва дарк намуданд, ки муаллифи сенария дар интихоби актёрони хеш ба иштибоҳ роҳ дод ва нақши худро ноуҳдабароёна бозиданд.

Бо чунин шаклу шева баргузор шудани машварати мазкур ва суистифодаи аз ҳад зиёди аъзои ТТЭ  ҲНИ бори дигар моро ба ин андеша мебарад, ки дар ҳақиқат чунин амалкарди САҲА омили коҳиши мақоми сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад гардид, зеро бори дигари таъкид медорем, ки вазифаи ҷонии чунин созмонҳои сатҳи байналмилалӣ боло бурдани шиддати муқовимат бо чунин зуҳуроти номатлуб ва муаммоҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла экстремизм ва терроризм аст.

 НУРАЛӢ НУРЗОД,
ходими илмии Институти
илмҳои ҷомеашиносии ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh