КОСАИ САБРИ МАРДУМ ЛАБРЕЗ ШУД

Воқеае, ки дар назди дафтари САҲА дар Душанбе рух дод, мардумро водор месозад, ки нисбати чунин ҳаводис бетавофут набошанд. Дарвоқеъ, кӯшишу талошҳои ТТЭ ҲНИ бо мақсади паст задани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ рӯз аз рӯз бо сад фитнаву дасиса ранг иваз карда истодааст. Масалан, дар аввал пайравони ТТЭ ҲНИ мардумро барои диникунонии сиёсат даъват мекарданд ва барои ҳар мусулмон ҷонибдории ҳизби наҳзати Исломро муҳим меҳисобиданд.

Чун мардум пиндоштанд, ки дар шароити имрӯза бунёди давлати динӣ ба ташкили низоъ, ихтилофоту буҳрони сиёсӣ оварда мерасонад, аз ҲНИ дур шуданд. Бо мурури замон, бо ташаккули тафаккури сиёсӣ-ҳуқуқӣ мардум моҳияти давлати дунявиро дарк намуданд.

Имрӯз пайравони ТТЭ ҲНИ мехоҳанд  дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава бо даъвои фаъолияти қонунии оппозитсияи сиёсӣ дар ҳудуди кишвари Тоҷикистон баромад намоянд.  

Эй даъвогарони мансаб, орзумандони курсиҳои ҳукумат, разилону гумроҳкунандагони миллат, хоинону душманони ваҳдат, бас аст ин муборизаҳои беамон!  Мо ба ин қабил озодандешон ниёз надорем. То ин дам арзу шикояти халқ бевосита аз ҷониби ҳукумат шунида шуда, ягон даъвои мардум беҷавоб намондааст.

 Мо - сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони дафтари САҲА дар Варшава эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои иштироки пайравони ТТЭ ҲНИ дар нишасти ҳуқуқи башарии САҲА мусоидат накунанд. Онҳо як гурӯҳи террористӣ-экстремистӣ мебошанд, ки таҳдид ба сокинони тамоми дунё доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин қабил гурӯҳҳо аз ҷониби тамоми кишварҳои Аврупо, умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум карда мешаванд.

З.А.Комилова,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

Add comment


Security code
Refresh