Айният ва фарқият дар чист?

Аз шабакаи расмии телевизиони кишварамон «ТВ Тоҷикистон» навореро бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» дидам ва қалам ба даст гирифтаму ин сатрҳоро рӯи қоғаз овардам.

Нафаре, ки ба асояш такякунон нишаста сухан мегуфт, Сатторов Айёмиддин ном дошта, соли 1953 чашм ба ҳаёт кушода будааст. Ӯ яке аз муассисон ва таблиғгарони ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломӣ буда, бо гуфтаи худаш 30 сол дар паҳлӯи раиси ин ҳизб Саид Абдуллои Нурӣ ҳамқадаму ҳаммаслак ва ҳамзабон будааст. Ва аз кору пайкорҳои худашу ҳизби ифротамал, рафту омадҳояш ба шаҳрҳои Пардис, Ароқ, остонаи Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон – акнун бо афсӯсу надомат нақл кард.

Ин нафари 65 – сола даъво пеш меоварад, ки «дасташ ба хун олуда нест», аммо гумон мекунам, ӯ тарғиботгари ашаддӣ будаву имрӯз гуноҳҳоро ба сари дигар равиёну роҳбарони ҳизби ҷосусу ифротгароёни наҳзати исломӣ ҳавола менамояд. Огаҳ гардидам, ки Сатторов Айёмиддин солҳои 2016-2017 дар пойгоҳҳои террористии низомии шаҳрҳои Бумиҳан, Пардис, Ароқ ва остонаи Мозандарони Эрон машқу таълим гирифтааст. Аз ин бармеояд, ки то ба наздикӣ ҳам Сатторов Айёмиддин думравону ҳампои хоини миллат Муҳиддин Кабириву лаънаткардаи халқ Ҳоҷӣ Ҳалими низомипӯш будаву дар фурсати муайян пушаймон гардидааст. Вай мегӯяд, ки аз пулу сарвати охундҳои эронӣ чизе баҳра нагирифтааст, баръакс, Кабириву лаббайгӯйҳои ӯ мошинҳои хориҷии гаронбаҳо хариданд, бозорҳоро сохтанду соҳибӣ карданд, тарабхонаҳо ташкил карданду ба тиҷорату ҳарисӣ даст заданд. Яъне онҳоро пулу сарвати охундҳои шиамазҳабӣ эронӣ тарбия кард.

Бале, ин ҳама ҳақиқатест, бо амалҳои номатлуби ифротгароӣ роҳкушоӣ ва инсонбадбиниву ҷаҳолату разилии ҳизби наҳзати исломӣ. Сатторов Айёниддин мегӯяд, ки ман мисли Муҳиддин Кабирӣ аз сарвати охундҳои шиамазҳабӣ эронӣ қасру тарабхонаву бозорҳои тиҷорат насохтаам, мошини хориҷии гаронбаҳо нахаридаам. Шояд ӯ рост мегӯяд? Аммо чаро туи пушаймонхӯрда ҳамагӣ як – ду сол пеш дар оғӯши пойгоҳҳои ҷаллодон машқу таълим гирифтӣ, ки умрат аз ҳаёт гузашта истодааст, ба ту чӣ лозиму зарурат буд?

Муҳиддин Кабириву пайравонаш наҳзатиён аз хориҷа ҳанӯз ба кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистон санги маломат ва тӯҳмат мезананд, ҳарза мегӯянд, нотавонбинанд! Шарму ҳаё надоранд!

Зарбулмасали тоҷикӣ мегӯяд: «Аккаи ало ду пар дорад, аз ҳама ҷо хабар дорад».

Биноан, ки хабаркашон, аккаи алои Муҳиддин Кабирӣ ва шайтонҳои ӯ пешравиҳои замони соҳибистиқлолии кишвари азизи моро намебинанд, чашмашон кӯр, дилашон сиёҳ аст, умед мебанданду ҳазён мегӯянд аз ҳизби наҳзати исломӣ. Бигзор ҷаҳаннам шумоён – разилону душманони хуношомро фурӯ барад, ба шумоён бозгаште аз дами оташ нест!

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
собиқадори матбуоти тоҷик.
дорандаи медали «Хизмати шоиста»

Add comment


Security code
Refresh