Мардуми тоҷик имрӯз сиёҳро аз сафед фарқ кардааст?

Рӯз ба рӯз симои разилонаву манфури хоинони миллати тоҷик, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ – террористии Ҳизби наҳзати ислом ошкор гардида истодаст.

Бешак, ҳамагон огоҳем, ки ошкорову ниҳон ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломро Ҷумҳурии исломии Эрон пуштибонӣ ва сармоягузорӣ дорад. Масалан, дар ҳоле ки моҳи сентябри соли 2015 Суди Олии кишвар ҳизби наҳзати исломро ба феҳристи ҳизбҳои террористӣ шомил карда, фаъолияташро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ кард, даъвати расмии раҳбари ин ҳизб террорист Муҳиддин Кабирӣ ба Теҳрон дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" 27-29 декабри соли 2015 ва бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ мулоқот анҷом додани ӯ аз ҳимояти ошкори наҳзат аз ҷониби Эрон шаҳодат медиҳад.

Бо гузашти солҳо ва дастгир гардидани ҷинояткорон ошкор гардид, ки бо сармоягузории Эрон дар солҳои ҷанги дохилӣ ва баъд аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон даҳҳо чеҳраи саршиноси кишвар мавриди террори наҳзатиён қарор гирифта буданд.

Содир шудани амалиёти мусаллаҳонаи генерали хоин Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода 4 сентябри соли 2015, бо супориши Қорӣ-Носир ном шахс, аз ҷониби узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом сурат гирифтани ҳамлаҳои ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷӣ 29 июли соли равон ва ҳазорон аъмоли хиёнаткоронаи наҳзатиҳо боиси нафрат ва лаънати мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон аст.

Дар мавриди пайванди ногустастанӣ доштани ТЭТ ҲНИ бо Ҷумҳурии исломии Эрон бо хондани мақолаи Оё шиъа шудани наҳзатиён туҳмат аст? далелҳои қатъӣ дар бораи мазҳаби шиъаро пурра қабул кардани роҳбарияти Ҳизби наҳзати ислом далелҳои раднопазири бештарро дарёфтам.

Аз ҷумла, перомуни мазҳаби шиъаро қабул кардани наҳзатиён, зиндагию таҳсили як насли пурраи наҳзатиҳо дар мактабҳои махсуси динии Эрон, худро муриди роҳбари инқилоби шиъии Эрон Оятулло Хумайнӣ донистани роҳбарияти ҲНИ, васфи Хумайнӣ аз ҷониби роҳбарони наҳзатӣ, такрори шиорҳои ҳаракатҳои мазҳабии шиъаён дар  митингҳои солҳои 1991-1992, фарзандони худашонро бо номи имомони мазҳаби шиъа, охундҳои машҳури шиъа ва махсусан, роҳбарони инқилоби исломии Эрон номгузорӣ намудани роҳбарону пайравони ҲНИ, тахаллусҳои шиагӣ гирифтани онҳо, дар мадрасаҳои динии шиъӣ дар Эрон дарс хонда, ба ин мазҳаб даромадани фарзандонашон, ба таври расмӣ узви «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» шудани ТЭТ ҲНИ огаҳӣ пайдо намудем. Инчунин соли 2013 дар Теҳрон муовини роҳбари ин ҳаракати байналхалқӣ интихоб шудани террорист Кабирӣ, дар рӯзномаи ҳизбии ҲНИ «Наҷот» ва нашрияҳои он ҳар ҳафта чоп шудани мақолаҳои муаллифҳои шиъа ва фатвоҳои оятуллоҳои шиъа ва амсоли ин барин садҳо далели раднопазир аз раванди дар тори анкабути Ҷумҳурии исломии Эрон дарафтодани наҳзатиҳо шаҳодат медиҳад. Аммо наҳзат ва пуштибони ӯ Ҷумҳурии исломии Эрон дониста бошад, ки мардуми Эрон аллакай аз ин раванд огоҳ аст ва дар тазоҳуротҳои охири соли 2017 дар Эрон баргузоршуда шиорҳои “Мардум гадоӣ мекунад, охунд худоӣ мекунад” ва амсоли инҳоро ба забон гирифтанд.

Дар мавриди ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки бо сармоягузории хоҷагон ва амалкарди гумроҳон бо дасти наҳзати наҳс сурат гирифт, Эрон изҳори даст надоштани худро дар ин ҳамла баён намуда, худро сафед карданӣ шуд. Пас агар барои Эрон ҳамчун кишвари ҳамзабон ва ҳамдин осудагиву амният ва сулҳу ваҳдати Тоҷикистон муқаддас ва гиромӣ бошад, бояд мавқеашро нисбати наҳзат муайян намояд. Зеро аллакай созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба мисли Созмони Ҳамкории Шанхай (аҳолии давлатҳои аъзои ин Созмон беш аз 3,5 миллиард), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва як қатор кишварҳои олам ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф намуданд.

Вобаста ба ин наҳзат ва хоҷагонаш, ки барои содир намудани аъмоли разилона ва ҷинояткорона ниқоби дин ба бар намудаанд, бояд донанд, ки Худованд дар сураи Анкабут мефармояд, ки: “Бебақотарин хона хонаи анкабут аст!” Яъне хонаи наҳзат, ки зери домони хоҷагонаш аст, бо дарафтодани парда рӯзе ошкортар хоҳад гардид.

Фарҳод Воҳидов

Add comment


Security code
Refresh