Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандон бар асари фурӯ рафтани пули автомобилгард дар шаҳри Генуя боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Ҳамдардии самимии инҷонибро ба пайвандон ва наздикони фавтидагон ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

 

Add comment


Security code
Refresh