Гуфтугӯи ду хоин

Хостам нисбат ба нишасти Раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва рӯзноманигор Алим Шерзамонов ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон андешаҳои худро иброз намоям. Ин ду хоину иғвоангез нисбат ба мулоқоте, ки 12 майи соли равон аҳли ҷомеаи кишвар доир гардида буд суҳбате оростаанд. Онҳо дар мавриди тафриқаандозӣ байни мазҳаби шиа ва суннӣ дар Тоҷикистон ҳарф задаанд. Онҳо мехоҳанд мисли солҳои 90-ум боз фоҷиаи нангинро сари мардум бор созанд, аммо намедонанд, ки кулли мардуми тоҷик дигар ба гапҳои онҳо гӯш намедиҳад.

Ин террористону экстремистон гурӯҳу ташкилот таъсис дода,  амалҳои ношоистаи хешро зери ниқоби Ислом содир менамоянд. Кирдорҳои онҳо ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон шаҳрвандонро ба ҳар роҳу восита ба худ ҷалб сохта, сипас ба хотири амалӣ намудани нақшаҳои нопоки хеш онҳоро истифода мебаранд. Инчунин, дар хориҷи кишвар баъзе аз ҷавонони моро ба доми худ мекашанд. Онҳоро ҳамчунин ба гурӯҳҳои шомил намуда, барои ҷомеаи навини мо хатар эҷод кардан мехоҳанд, лекин хатои маҳз мекунанд. Кабириву Алиму бо чанд тани дигар ҳаммаслакон пойбанди хоҷагони хеш ҳастанд.

Миллати соҳибтамаддуну соҳибмаърифат ҳамеша зидди чунин афроди хоину ватанфурӯш муборизаи беамон мебаранд. Шукр, ки имрӯз кишвар дар зери Парчами соҳибистиқлолӣ марҳала ба марҳала пеш рафта истодааст. Мо - ҷавонон дар пойдории сулҳ ва расидан ба зиндагии шоиста кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh