Ин ҳарфҳоро ба касе гӯед, ки шуморо нашиносад!

Сайидюнуси Истаравшанӣ маводе паҳн намуда, ба ақидаи худаш, чанд масъаларо матраҳ намудааст. Худи Сайидюнус кист? Зери боли хоҷагон худро бегуноҳу дигаронро гунаҳгор меҳисобад. Оё шахсе дар бораи Сайидюнус маълумоте дорад, ки амали неке нисбати мардуми диёраш анҷом дода бошад, ба ҷуз ивғоангезию бадгӯӣ?! Баъди ба хориҷи кишвар фирор кардаву умр ба сар бурданаш танҳо як амал дорад. Ин ҳам ихтилофу кинаву хусуматро байни тоҷикон паҳн сохтан. Ба хотири манфиати хеш ва хоҷагон аз баҳри Ватану миллат, мазҳабу имонаш мегузарад.

Сайидюнус қайд намудааст, ки ҳукумати кишвар ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эълон намуд ва дар радифи ДОИШ маҳсуб дониста, фаъолонаш ба хориҷа муҳоҷир гаштанд.

Бале, дуруст қайд кардааст. Лекин гуноҳҳои ҲНИ-ро чаро зикр накард? Аз иттилооти ВАО, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ маълум гардид, ки ТЭТ ҲНИ аз оғози фаъолияташ то имрӯз кадом корҳоро анҷом дод: - боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, сабабгори куштори бегуноҳону аҳли зиё, бесаробон мондани занону кӯдакон, фирори мардуми оддӣ ва касодии иқтисодиёт гардид. Дастпарварони ҲНИ бо хоҷагони хориҷии хеш аз маблағҳои муфт истифода намуда, амалҳои нангинеро анҷом доданд. Имрӯз низ Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш зери қаноти хоҷагонашон паноҳ гирифта, номи миллату шаъну шарафи мардуми тоҷикро паст зада истодаанд. Аммо амали онҳо рӯзе поён меёбад, дер ё зуд.

Мардум шоҳиди он аст, ки Раёсати ҲНИ ягон иқдоме, ки барои манфиати миллату мардуми тоҷик бошад, анҷом надодааст. Маблағҳои аз ҷониби хоҷагон бадаст омадаро барои айшу ишрат дар хориҷа, омода намудани насли нави террористон ва таблиғи мазҳаби шиа равона сохтанд.

Сайидюнус оиди таъқиби террористон ҳарф задааст. Ба фикри ӯ оё аъзоёни гурӯҳи террористиро ҳавасманд бояд кард, то ки онҳо амалҳои шайтониашонро идома диҳанд?!

Шумо чун бадии имзои Созишномаи истиқрори сулҳ соҳиби мақомҳои баландпоя шудед. Барои амалӣ намудани нақшаҳои хоҷагон аз мансаб истифода намуда, ба чашми мардуми сарзамини худ хок пошидед, ба ҷои он, ки дар пешрафти диёр саҳм гузоред. 

Имрӯз мардуми сулҳпарвари тоҷик ба ҳарфҳои шумо дигар гӯш намедиҳад. Зеро тинату ботини шумо аз амали неки инсонӣ дур аст. Мардуми тоҷик барои пойдории сулҳ кӯшида, намегузорад, сулҳу суботи кишвар халалдор гардад. 

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh