Ҷавҳари дини мубини ислом ваҳдату ҳамдилист

Сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ, ҳамдиливу иттифоқ ва осудагиву амният барои ҳар як қавму миллат ва бани башар беҳтарин неъмат маҳсуб меёбад. Маҳз дар фазои танинандозии ваҳдати ҷовидонӣ кишварҳо рӯ ба инкишоф мениҳанду тараққӣ мекунанд ва мардум дар фазои сулҳу субот ба ҳамдӯсту бародарвор умр ба сар мебаранд. Суннат ва арзишҳои ахлоқиву маънавию динии мардумони оламро ваҳдату якдигарфаҳмӣ ташкил дода, инсонҳо дар доираи ин арзишҳо бо ҳусни тафоҳум зиндагӣ мекунанд.

Мусаллам аст, ки ҷавҳар ва меҳвари аслии дини мубини ислом низ ҳам зистиву тарғиби ваҳдату иттиҳод ва шукргузорӣ ба оромиву амният ва суботи саросарӣ маҳсуб меёбад.

Чун сухан аз гиромидошт ва ҳифзи ваҳдату иттиҳоду сарҷамъӣ меравад, рӯзҳои мудҳишу ваҳшонияти ба сари миллати мо омадаи замони ҷанги шаҳрвандиро ба ёд наовардан ғайриимкон аст. Хурду калони мардуми кишвар огаҳ ҳастем, ки ҳангоми нав ба соҳибистиқлолӣ расидани кишвари мо, бо маблағгузории хоҷагони хориҷӣ ва ҳамовозиву ҳаммаромии бархе аз хоинони миллат, ки барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаашон ниқоби дин ба бар карда буданду барои дар мамлакат ҷорӣ намудани мазҳаби бегона кӯшиш намуда истода буданд, ҷанги хонумонсӯзӣ шаҳрвандӣ шуруъ шуд. Маҳз сӯиистифода аз номи дини мубини ислом, сӯиистифода аз фазои холии динии мафкураи мардум ва сӯйистифода аз вазъи зиндагии номӯътадили сокинон, бахусус, ҷавонон, аъзоёни ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати ислом гумроҳкунии мардумро пеша карда, баҳри расидан ба татбиқи амалҳои зишташон кӯшиш намуданд. Чун сухан оид ба сӯйистифода аз фазои холи динии мафкураи мардум дар замони тозаистиқлолӣ сухан рафт, бояд таъкид намуд, ки он замон дастрасии мардум ба адабиёти диние, ки бо забони тоҷикӣ тарҷума шуда бошад, ба назар намерасид ва мардум ҷавҳари дини мубини исломро озодона дарк карда наметавонистанд. Шарҳи нодуруст ва ғаразноки арзишҳои дини мубини ислом боис гардид, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга гирад. Яъне ношукриву носипосӣ ба беҳтарин неъмати илоҳӣ -  сулҳу амният аз ҷониби аъзои ҳизби наҳзати ислом боиси сарсониву саргардонии мардум ва қатлу хунрезиҳо дар кишвар гардид. Он замон наҳзатиҳо хилофи фармудаҳои Худову Расул амал намуда, зулму истибдод ва ноадолатиҳоро бар сари мардуми кишвар раво донистанд. Дар ин маврид Худованд фармуда аст: «Эй бандагонам, ҳамоно манзулмро бар худ ҳаром кардам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед». Агар ба амалҳои хиёнаткоронаи аъзои ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом назар афканем, кулли амалҳои онҳо хилофи фармудаҳои Худову Расули акрам (с) сурат мегирифт ва ин аъмол идома дорад.

Маҳз самараи ваҳдати миллӣ буд, ки модар тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Танинандозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони маҳбуб аст, ки баҳри шинохти ҷавҳари аслии дини мубини ислом ба сифати дини таҳаммулпазирӣ ва дини ҳидоятгари ҷомеа ба сӯи созандагиву накӯкорӣ, ваҳдату иттифоқ ва ҳамзистии бани башар ва поку беолоиш нигоҳ доштани он аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир иқдомоти судманд амалӣ гардид.

Бо назар кардан ба ин пешрафту шукуфоӣ ва фароҳам будани фазои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз бояд ба қадри ин тинҷиву оромӣ ва озодӣ бирасем. Зеро ин тинҷиву оромӣ ва ваҳдати миллист, ки мо озодонаву дилпурона ва хушбахтона кору фаъолият менамоем. Ва бесабаб нест, ки Паёмбари акрам Муҳаммад (с) фармудаанд: «Ҳеҷ хурсандӣ бидуни амният ба даст намеояд».

Мо бояд нагузорем, ки ҳар гуна нерӯҳои аҳриманӣ садди роҳи рушди давлатдории навини миллиамон гардида, мафкураи ҷавонони моро вайрон намоянд.

Чун шоми 18 июни соли равон тариқи телевизиони «Тоҷикистон» филми «Решаҳои ноаён»-ро тамошо кардаву аз паҳлӯҳои норавшани фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом огаҳӣ пайдо намудам, бори дигар аз забони аъзои фаъоли ин ташкилоти террористӣ собит гардид, ки дарвоқеъ, ин ташкилоти таҳрибкор дар замони расидан ба сулҳу ваҳдат ва таъмини оромиву осудагии Ватан шукронаи тинҷиву осоиштагиро накарда, боз ҳам нақшаи хиёнаткоронаи хешро баҳри сарнагун намудани сохти конститутсионии кишвар тарҳрезӣ намуда будаанд. Сӯйистифодаи дини мубини ислом бо мақсади расидан ба ин ғаразҳо, ки бо роҳнамоии хоҷагони хориҷии наҳзат ва амалкарди онҳо сурат мегирифту то ҳол идома дорад ва ин раванд бори дигар зимни мусоҳибаи аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзат ошкортар гардид, моро водор месозад, ки баҳри пешгирии гумроҳкунии мардум аз ҷониби ин нохалафон кӯшиш ба харҷ дода, беш аз пеш рисолати хешро дар самти тарғибу ташвиқи шинохти ҷавҳари аслии дини мубини ислом ба мардум ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ ба ҷо орем. Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқа - андозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва,  махсусан, ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем.

Маҳмадюсуф  Қозиев,
имом - хатиби масҷиди ҷомеи
ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh