Хиёнат ба Ватан нобахшиданист

Ба қарибӣ тариқи шабакаҳои телевизиони кишвар филми ҳуҷҷатии "Решаҳои ноаён” оид ба фаъолияти  ҷосусии  Саид Қиёмиддини Ғозӣ намоиш дода шуд.  Ин фард аз соли 1990-ум инҷониб хиёнаткории худро идома додааст. Оқибат,  моҳи ноябри соли 2017 дастгир шуда, барои хиёнаткориҳояш ба муддати 25 сол маҳкум карда шуд.

Дар филми ҳуҷҷатӣ хиёнаткориҳо ва ҷосусии Саид Қиёмиддини Ғозӣ  ва ҳаммаслакони e, ки давоми солҳои 90-ум оромиву осоиштагии ватанамонро бо фикри хиёнаткорона ва бо фармоиши “хоҷагони хориҷӣ”-и худ халалдор сохта, ба Ватан, оила халқи худ, ба сарзамине, ки худ дар он ба воя расида, аз обу ҳавояш баҳравар гардидаанд, нохалафона хиёнат кардаанд, ҳар як амалеро ҷавобест. Дар ҳақиқат, амали ношоистаеро, ки ба гумроҳӣ мебарад, натиҷааш торикиву ҷавобаш сангин аст.  Ин амалҳои ношоиста ва нангини  Саид Қиёмиддини Ғозӣ  ва пайравони гумроҳи e сабаб гардид, ки солҳои 90-ум хуни садҳо халқи бегуноҳи тоҷик, ҷавонон, модарону кeдакон рехт.....

Филми мустанади "Решаҳои ноаён” баҳри ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ибратомeз аст, ки аз чунин амалҳои нангин баҳри худ хулоса бароранд. Амалҳои ношоистаи шахсоне, ки оромиву осоиштагии давлату миллатро халалдор мегардонад, мардумро ба гумроҳӣ мебарад, оқибат нобуд хоҳад шуд.

Бинобар ин, ҳар яки мо чун узви ҷомеаи кишвар дар андешаи пешрафту шукуфоии диёр бошем, ба ободии он бо меҳнати созанда саҳм гузорем.

Саидзода Ориён

Add comment


Security code
Refresh