Бетарафӣ нишони имондорӣ нест!

Ҷаҳони имрӯз пуртазод аст ва аз гӯшаҳои олам хабарҳои гуногун мерасанд, ки баъзе воҳимабарангезанд ва ба тафаккури одамон зарар доранд.

Аз ҷумла, зуҳуроти номатлубе, ки барои тарсонидан, воҳима барангехтан, тахрибкорӣ, куштану тарконидани ҷойҳои серодам ва биноҳои маъмуриву истиқоматӣ нигаронида шудаанд, аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои махсуси ҷудоихоҳ, ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳатто давлатҳои алоҳида сурат мегиранд, ки дар зеҳни омма таассуроти афсӯсборро пайдо мекунад.

Ба ақидаи коршиносон сафи ҷавонони бесаводу гумроҳ ва бекор дар мамолики гуногуни олам хеле зиёд аст ва эшон аксаран на касбу кору ҳунаре доранд ва дар бисёр давлатҳо ононро касе ё созмоне назорат намекунанд. Ин ҷавонон ба таҳсил ва тарбияи хуб фаро гирифта нашудаанд. Аз ин рӯ, эшонро бо осонӣ ва зуд барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразонаи худ ҷалб месозанд, бо роҳи фиреб ва ваъдаҳои бардурӯғи пули зиёд додан ба худкушиву худро тарконидан ташвиқ мекунанд. Ташвиқоту тарғибот ба ҷавонон асосан тавассути манфиатҳои молиявӣ ва диниву мазҳабӣ сурат мегирад.

Дар тафаккури чунин ҷавонони мутаассиб ба ҷуз масъалаҳои мазҳабӣ дигар андешаи солими дунявӣ, ободкорӣ ва дунёшиносӣ дида намешавад. Агар ба баъзе нафароне, ки андешаи солим надоранд, ягон насиҳат ё пешниҳоди хубе кунӣ, ба эшон ин гуна суханҳо писанд намеоянд. Онҳо ҳатто андарзу насиҳатҳои пирону калонсолон ва волидонро қабул намекунанд.

Омилҳое, ки боиси шомилшавии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои тахрибкор мегарданд, аз ҷумла дониши нокифоя доштан, сатҳи пасти савияи илмҳои дунявӣ ва динӣ, бетарафии аҳли ҷомеа, содагиву зудбоварӣ, зиёд гардидани сатҳи бекорӣ ва ғайра мебошад.

Хушбахтона, давлату Ҳукумати мо ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи динии ҷомеа тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Маҳз, дар мамлакат бо иқдоми наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти Имоми Аъзам дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии мардум такони ҷиддие бахшид. Ҳамзамон, конфронсҳои сатҳи минтақавӣ ва чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ барои пешгирии тундравию ифротгароӣ ва муқовимат бо терроризму экстремизм мусоидат намуданд.

Дар роҳи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва густариши ақидаҳои ифротӣ ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа - оила, падару модарон, мактаб, донишгоҳ, муассисаҳои динӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд дастаҷамъона мубориза баранд ва корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд намуда, бетарафӣ зоҳир накунем. Маҳз, бетарафии мо бештар муҷиби раҳгум задани ҷавонони зудбовар мегардад.

 З.ЮСУФОВА,
 устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
 бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh